Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дирӯз 14 март фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он аз фардо, 16 марти 2018 шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, бидуни раводид ба Ӯзбекистон, ба мӯҳлати 30 рӯз сафар намоянд.
Дар ин бора президенти Ӯзбекистон хабар додааст.
Тибқи манбаъ, Шавкат Мирзиёев ба Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон супориш додааст, ки оид ба татбиқи ин фармон ба ниҳодҳои дохилӣ маълумотҳои заруриро ирсол намуда, барои амалӣ шудани уҳдадориҳои дар Созишномаи байналмилалӣ нишондодашуда, мусоидат намояд.
Қайд карда шудааст, ки аз 16 марти соли 2018 шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бидуни раводид ба мӯҳлати 30 рӯз сафар кунанд. Барои сафар бо худ доштани шиносномаи хориҷӣ ё шиносномаи дипломатӣ ва ё шиносномаи хидматӣ ҳатмӣ аст.