Рубрики Хабарҳо

60 аз Эрон баргардонида шуданд

Рӯзи 13 август 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, бо ҳамин хатсайр Эрон ният дошт, ки ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристад.

“Лекин бо сабаби мушкилоти техникӣ ва душвориҳои вобаста ба парвоз ирсоли кумак мавқуф гузошта шуд. Кумак бо парвози минбаъда, ки ба наздикӣ сурат мегирад, фиристода мешавад”, — итминон доданд дар сафорат.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ наздики 17 ҳазор тоҷикистониён аз хориҷи кишвар (бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ), аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ба баровардани шаҳрвандони худ аз давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Олмон, Корея, Қазоқистон, Украина, Беларус, Туркия ва дигар кишварҳо аз 25 июн шурӯъ кард.

Қобили зикр аст, ки арзиши билетҳо ба хатсайрҳои чартерии Маскав-Душанбе аз 300 (бо мусофирон аз ду самт) то 500 долларро ташкил медиҳад.

Директори генералии ширкати “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода , ки билетҳои ҳавопаймоӣ ба парвозҳои чартерӣ начандон гаронанд.

“Агар нархи миёнаи билетҳоро ҳисоб кунем ва бо назардошти пешниҳоди тахфиф барои мусофирон синни то 12-сола, ба фикрам, билетҳо ба парвозҳои чартерии мо начандон қиматанд”, — гуфт ӯ зимни нишасти матбуотӣ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *