Рубрики Хабарҳо

48 бемори коруно аз бемористоне дар Афғонистон фирор кардаанд

Дар Афғонистон аз як бемористоне дар Ҳирот дасти кам 48 афроди мубтало ба вируси коруно рӯ ба гурез ниҳодаанд

Ба гузориши хабаргузории «Садо ва симо», расонаҳои Афғонистон эълом карданд, ин афрод 48 нафар буданд.

Дар рӯзҳои гузашта ҳам шуморе аз афроди мубтало ба COVID-19 аз бемористонҳо дар Афғонистон фирор карда буданд.

То кунун даҳҳо нафар дар Афғонистон ба вируси коруно гирифтор мебошанд.

Дар гузориши ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт  таъкид шудааст, «Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,8 ҳазор), Итолиё (беш аз 27,9  ҳазор), Эрон (беш аз 14,9 ҳазор), Испаниё (беш аз 9,9 ҳазор), Куриёи Ҷанубӣ (беш аз 8,3 ҳазор), Олмон (беш аз 7,2 ҳазор), Фаронса (беш аз 6,6 ҳазор), ИМА (беш аз 4,7 ҳазор), Суис (беш аз 2,3 ҳазор) ва Бритониё (беш аз 1,5 ҳазор) дохил мешаванд».

Ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 197 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 7,1 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 79,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,1 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *