Вазорати дороии Афғонистон эълом кард, ки мизони кумакҳои ҷаҳонӣ ба ин кишвар тайи 9 соли гузашта 46 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ноҳид Саробӣ, муовини сиёсии вазорати дороии Афғонистон дирӯз, якшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул изҳор дошт: Мизони кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон аз соли 2010 мелодӣ то кунун аз 15٫7 миллиард доллар ба 8.4 миллиард доллар расида, ки коҳиши 46 дарсадиро нишон медиҳад.
Вай афзуд: “29 кишвари ҷаҳон дар соли 2016 дар нишасти Брюссел мутааҳҳид ба пардохти кумаки 11 миллиард долларӣ ба Афғонистон шуданд аммо то кунун панҷ миллиард доллар аз ин ваъда муҳаққиқ шудааст. Кумакҳои ҷаҳонӣ коҳиш ёфтааст, аммо барномаи тақвияти бахши хусусӣ ва гирифтани қарз тавассути давлат дар ҳоли иҷро аст”.
Саробӣ ҳамчунин изофа кард: Даромадҳои миллии Афғонистон, ки дар соли 2010 ҳудуди 1.3 миллиард доллар буд дар 2018 ба 2.6 миллиард доллар расид.
Муовини вазири дороии Афғонистон ҳамчунин гуфт: Қарор аст то поёни соли ҷорӣ ба миқдори 100 миллион евро аз тарафи иттиҳодияи Аврупо ба ҳисоби давлат афзуда шавад.