Ҳудуди 150 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Жебек Жоли, сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд дар муроҷиате талаб доранд, ки сафири Тоҷикистон дар Қазиқистон ба наздашон ҳозир шуда, мушкили онҳоро ҳал кунад.
Дар наворе, ки мусофири дармонда ба Паём фиристодаанд, дида мешавад, ки тоҷикони зиёде дар сарҳад ҷамъ шудаанд. Яке аз онҳо мегӯяд, ки борҳо ба сафорат занг задаанд, вале онҷо ё гӯширо намебардоранд ва ё ваъда меиҳанду намеоянд.
Муҳоҷирон мегӯянд, ки байни онҳо занони ҳомила ва бемор, кӯдакон ва бузургсолон низ ҳузур доранд ва гармии 40 дараҷа истодан онҷо барояшон тоқатфарсо шудааст.
Қаблан дар ҳамин сарҳад беш аз 3000 муҳоирони тоҷику ӯзбек ҷамъ омада буданд ва пас аз гуфтумонҳои зиёд ва тавваҷҷӯҳи расонаҳову ҷомеъаи шаҳрвандӣ, мақомоти Ӯзбекистон ба онҳо иҷозаи убур ва мақомои Тоҷикистон иҷозаи вуруд доданд.