Дар 6 моҳи соли равон 674 табиб ва 1 ҳазору 350 ҳамшираи шафқат Тоҷикистонро тарк карда, ба барои кор ба кишварҳои дигар рафтаанд. Дар ин бора Азия Плюс аз нишасти матбуотии Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 27 июл хабар медиҳад.
— Дар соли 2021 бо сабаби банд будани сарҳадҳо муҳоҷирати меҳнатии табибон ба қайд гирифта нашуд. Вале дар соли 2022 674 табиб ва 1350 ҳамшираи шафқат ба муҳоҷиарти меҳнатӣ ба дигар давлатҳо рафтанд. Мо наметавонем гуфт, ки дар ин кишварҳо аз рӯи ихтисос кор мекунанд ё ба дигар кор гузаштаанд, — гуфт Абдуллозода.
Ба гуфтаи вазир сабаби тарк кардани табибону ҳамшираҳои тиббиро пешниҳод шудани барномаҳои махсус ва имтиёзҳо аз ҷониби кишварҳои дигар, махсусан, ҳамсоя аст.
— Кишварҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисони соҳаи тиббӣ барномаҳои махсус ва имтиёзҳо таҳия кардаанд. Аз ин рӯ, табибон барои ба даст овардани имтиёзҳо ба ин кишварҳо мераванд. Қисми дигар барои такмили ихтисос мераванд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки баъзе донишҷӯён ба дигар давлатҳо барои гузаштани орденатураи клиникӣ рафаанд, — гуфт вазири тандурустӣ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Паём садҳо табиб дар Русия бинобар пайдо накардани кор мувофиқи касбашон ба мардикорӣ машғуланд. Сабаби ҳиҷраташон аз Тоҷикисторо бештари онҳо моҳонаи бисёр кам, аммо таънаи ҳамешагии мақомоту ҷалбашаон ба маъракаҳои сиёсӣ меноманд.
Сӯҳробҷон Собиталиев, табибе, ки дар шаҳри Санкт Петербург ба тиҷорати мева машғул аст, мегӯяд танҳо дар ҳамин шаҳр 4 табибро мешиносад, ки дар сохтмон кор мекунанд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки то ҳол дар кишвар 4725 табиб ва ҳамшираи тиб намерасад. Аз ин 3024 табиб ва 1701 ҳамшираи тиб мебошанд.
Ба иттилои Ҷамолиддин Абдуллозода, айни ҳол, дар вилояти Хатлон 1157 табиб ва 2212 ҳамшираи тиб, дар вилояти Суғд 610 табиб ва 480 ҳамшираи тиб ва дар ВКМБ 58 табиб ва 9 ҳамшираи тиб намерасад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ВМКБ норасоии кадрии ҷиддӣ ба назар намерасад ва дар шаш моҳи соли равон танҳо як нафар корманди тиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаасту халос.
Вазири тандурустӣ гуфт, дар кишвар аз ҳама бештар табиби оилавӣ, анестизиолог-реаниматолог, педиатр ва анестизиологҳо намерасанд. Ду сол қабл мақомоти амниятии Тоҷикистон яке аз беҳтарин анестизиолог-реаниматологи вилояти Суғд Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро (Мирзоқул Ҳоҷиматов) бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд.
Мушкили норасоиро, ба гуфтаи раиси Вазорати тандурустӣ, метавон тавассути кадрҳои нав ҳал кард. Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд беҳтарин мутахассисон онҳоеянд, ки дар замони Шӯравӣ таҳсил кардаанд ва баъдан то солҳои 2005. Аз он пас Донишгоҳи тиббӣ ҳам мисли ҳамаи донишгоҳҳои кишвар ба макони порагирӣ табдил шудааст. Аксари мутахассисони варзидаи кишвар кайҳочт беморони русро табобат мекунанд.
Ба иттилои вазир, имсол, аз ҳисоби мутахасисони ҷавон 1543 нафар баъди интернатура ва 124 нафар баъди ординатура ба кор ҷалб карда шуда, онҳо аз 1 август ба кор оғоз мекунанд.
«Имсол бояд беш аз 2000 нафар хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ ба кор шурӯъ кунанд. Мо метавонем мушкилотро бо ин чаҳорчӯба ҳал кунем. Дар мавриди нарасидани ҳамшираҳои шафқат, имсол қариб 3,5 ҳазор хатмкунанда соҳиби дипломи ҳамшираи шафқат хоҳанд шуд», — гуфт вазир.
Ёдовар мешавем, ки дар нишасти матбуотии моҳи февралӣ низ Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, ки дар кишвар 674 духтур намерасад ва он замон ҳам ӯ гуфта буд, ки яке аз сабабҳои тарки кор ва ё ба муҳоҷират рафтани табибон имтиёзҳое аст, кишварҳои дигар барои табибон пешниҳод мекунанд.
Он замон вазир гуфта буд, ки дар вилояти Суғд 180 пизишк ва корманди миёнаи тиб, дар вилояти Хатлон 120 нафар пизишк ва ҳамшираи тиб, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 128 духтуру корманди миёна тиб, дар Душанбе 115 пизишк ва дар ВМКБ 11 пизишк намерасад.
Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 20797 табиб ва 60329 корманди миёнаи тиб кор мекунанд.