Каъба нахустин хонаест, ки ба номи Худо баҳри ибодату тавҳиди Худо сохта шудааст. Онро Абуланбиё Иброҳим (а) баъд аз он ки бо бутҳо муборизаи беамон бурда, бутхонаҳоро вайрон карданд, бунёд гузоштаанд. Худованд Иброҳим (а)-ро барои бунёди он амр намудааст, ки оид ба ин қазия дар Қуръон чунин омадааст:
“وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْراهِيمُ الْقَواعِدَ مِنَ الْبَيْتِ وَإِسْماعِيلُ، رَبَّنا تَقَبَّلْ مِنَّا إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ” [البقرة 2/ 127]
“Ва он гоҳ, ки Иброҳиму Исмоил таҳкурсиҳои Хонаро баланд мекарданд, (гуфтанд): «Эй Парвардигори мо! Аз мо қабул кун, ҳамоно Ту Шунавову Доноӣ!” (сураи Бақара, ояти 127)
Баъд аз ин Хонаи Каъба ба офатҳои зиёде дучор мешавад, ки он пойдевори хонаро заифу деворҳояшро вайрон мекунад. Аз ҷумла, чанд сол пеш аз биъсати паёмбарӣ бар асари сели калоне, ки ба Макка омада буд, харобии таҳкурсиву деворҳои он бештар мешавад. Инро дида қабилаи Қурайш қарор мекунад, ки хонаи Каъбаро, ки миёнашон аз эҳтирому таъзими махсусе бархурдор буд, аз сар бунёд намояд. Бояд гуфт, ки ҳурмату қудсияти Каъба назди арабҳо аз ҷумлаи он осоре буд, аз шариати иброҳимӣ барояшон боқӣ мондааст.
Паёмбар (с) низ дар бунёду бозсозии Каъба фаъолона иштирок мекунанд. Он ҳазрат (с) бо китфашон, ки бар он ҷуз як курта дигар чизе набуд, санг мекашонданд. Он замон тибқи дурусттарин ривоят Паёмбар (с) сию панҷсола буданд.
Паёмбар (с) дар ҳалли муаммое, ки боиси ихтилофи қабилаҳо дар ин ҳодиса шуда буд, саҳми калон доштанд. Он замон қабилаҳо дар масъалаи барои ба ҷояш гузоштани Ҳаҷаруласвад аз ҳама беш кӣ ҳақдортар аст, миёни ҳам ихтилоф мекунанд. Баъд ҳамаашон ба фикри Он ҳазрат (с), ки баҳри ҳалли муаммо пешниҳод карда буданд, розӣ мешаванд. Чун онҳо медонистанд, ки ӯ амин асту мавриди қабули ҳама қарор дорад.
Панду андарзҳо:
Дар шарҳи хеш ба ин порчаи таърихи Паёмбар (с) ба чор мулоҳизаи муҳим ишора мекунем:
- Аҳамияти Каъба ва он шарафу қудсияте, ки Худо барояш дар замин додааст. Барои далолат ба он ҳамин басанда аст, ки онро Ҳазрати Иброҳими халилуллоҳ бо дастони худ бо фармони илоҳӣ сохта буданд, то аввалин хонае барои парастиши Худои ягона ва макони истиқрору амн баҳри одамон гардад.
Вале ин маънои онро надорад ва ё мӯҷиби он нест, ки ин Хона ба ашхоси дар атрофаш тавофкунанда ва ё дар он баҳри ибодат нишаста, таъсире дошта бошад. Чунки он, бо вуҷуди он ҳама қудсияту мақоме, ки дар назди Худо дорад, бештар аз сангу лойе, ки аз дасташ коре намеояд, нест. Лекин Худованд вақте ки Иброҳим (а)-ро барои шикастани буту худоҳои дурӯғин ва вайрон кардани бутхонаву аз байн бурдани осори он фиристод, ба ҳикмати худ чунин хост, ки дар рӯйи замин хонае бунёд кунад, то он хона барои тавҳиди Худо ва парастиши танҳо Ӯ нишона ва рамзе гардад. Он хона бо гузашти замон ҳамчун рамзи маънои дурусти дину ибодат ва аломати ботил будани ширк ва парастиши бутҳо боқӣ мемонад.
Башарият, ки муддате умри худро бо парастиши бутҳо ва худоҳои сангину дурӯғин гузаронид ва ба онҳо ибодатхонаҳо месохт, акнун вақти он расидааст, ки ботилу дурӯғ будани ҳамаи онро дарк карда, он бутхонаҳоро бо ин рамзи нав иваз намояд. Ин ибодатхонае, ки баҳри ибодати Худои ягона бунёд шудааст, ба он инсон медарояд, то боиззати том ба созандаи коинот таъзим намояд.
Агар шахсоне, ки ба ягонагии Худо имон оварда, ба динаш гаравидаанд, новобаста аз ихтилофи ҷинсу забон ва дурии диёру макон ба робитае ниёз дошта бошанд, ки онҳоро ба ҳам бипайвандад ва маконе, ки ҳама дар он ҷамъ шаванд, ба ин кор аз ин Хона дида беҳтар ва муносибтар маконе намеёбанд. Хонае, ки ҳамчун рамзи тавҳиди Худо ва инкори ширку бутҳо бунёд шудааст. Дар ин ҷо ба ҳам меоянд, дар ин ҷо бо ҳамдигар шинос мешаванд, дар ин ҷо бо ҳамдигар ба он ҳаққе, ки баҳри он ин хона бунёд шудааст, вомехӯранд. Ин хона шиорест, ки ваҳдати мусулмононро дар рӯйи замин ифода мекунад ва тавҳиди Худову парастиши ягона Ӯро нишон медиҳад.
Ин аст маънои ояти каримаи
“وَإِذْ جَعَلْنَا الْبَيْتَ مَثابَةً لِلنَّاسِ وَأَمْناً، وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقامِ إِبْراهِيمَ مُصَلًّى” [البقرة 2/ 125]
“Ва он гоҳ, ки Каъбаро марҷаи мардумон ва маҳалли амн сохтем. Ва аз ҷои қадами Иброҳим намозгоҳ бигиред…” (сураи Бақара, ояти 125)
Ин аст ҳамон маъное, ки шахси дар атрофи Каъба тавофкунанда бо чашмони сар мебинад. Баъд аз он ки вай дилашро бо маънои бандагӣ ба Худо ва қасди татбиқи фармудаҳои Ӯ пур карда буд. Чун инҳо ҳама фармонанду ӯ бошад, як бандаест, ки ба иҷрои амр ва таҳқиқи фармонҳо вазифадор аст. Қудсияти Хона ва бузургии маконати он дар назди Худо аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад ва маҳз ба ҳамин хотир ҳаҷ кардани он фарз шуду тавоф бар он шарт.
- Баёни муҳимтарин ҳолатҳои хароб шудану дубора бино шудани Каъба. Хонаи Каъба дар тӯли вуҷуди хеш ба иттифоқ чаҳор маротиба бунёд шудааст. Доир ба он ки аз ин бештар буд ва ё камтар ихтилофи назарҳо вуҷуд доранд. Бори нахустин Иброҳим (а) онро бо фармони Худо бунёд карда буданд. Дар ин кор ба он кас писарашон Исмоил (а) дастёрӣ мекард. Ин чиз бо Китобу Суннат тасдиқ шудааст. Дар Қуръон оид ба ин чунин омадааст:
“وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْراهِيمُ الْقَواعِدَ مِنَ الْبَيْتِ وَإِسْماعِيلُ، رَبَّنا تَقَبَّلْ مِنَّا إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ” [البقرة 2/ 127]
“Ва он гоҳ, ки Иброҳиму Исмоил таҳкурсиҳои Хонаро баланд мекарданд, (гуфтанд): «Эй Парвардигори мо! Аз мо қабул кун, ҳамоно Ту Шунавову Доноӣ!” (сураи Бақара, ояти 127)
Дар ҳадис бошад, ин ҳодиса бо чанд ривоят нақл шудааст. Аз ҷумла Имом Бухорӣ бо санади хеш аз Ибни Аббос ривоят кардаанд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: “Иброҳим гуфтанд: Эй Исмоил, Худо ба ман амр намуд, ки дар ин ҷо хонае созам. Ва ба тепаи баланде дар атрофашон ишора карданд. Баъд ба бардоштани таҳкурсии хона шурӯъ намуданд. Исмоил санг меоварду Иброҳим бино мекард…”1.
Имом Заркашӣ аз китоби “Таърихи Макка”-и Азрақӣ нақл мекунанд, ки Иброҳим (а) баландии Каъбаро ҳафт зироъ, дарозиашро сӣ зироъ ва паҳноиашро бисту ду зироъ карданд. Он сақф надошт2. Суҳайлӣ гуфтаанд, ки “Баландии он нӯҳ зироъ буд”3. Ман мегӯям, ки шояд ҳамин аз ривояти Азрақӣ дида дурусттар бошад.
Бори дуюм бошад, онро Қурайш пеш аз Ислом сохта буд ва дар бунёди он чи тавре ки гузашт, Паёмбар (с) низ ширкат доштанд. Ин маротиба Қурайш баландии онро ҳаждаҳ зироъ бардошта, “аз бараш шаш зироъ кам карданд ва қисмате аз онро дар Ҳиҷр гузоштанд”4. Дар ин бора Паёмбар (с) дар ҳадиси Оиша (раз.) чунин гуфтаанд: “Эй Оиша, агар қавми ту нав аз ҷоҳилият омада намебуданд, ҳароина мефармудам, ки Хонаро вайрон кунанд ва ба он қисматеро аз он баровардаанд, ҳамроҳ мекардам, онро ба замин баробар карда, ба он аз шарқ як дар ва аз ғарб як дар мегузоштам ва онро ба таҳкурсии Иброҳим мерасонидам5”.
Бори сеюм вақте ки он дар аҳди Язид ибни Муовия дар натиҷаи ҳамлаи лашкари аҳли Шом ба он сӯхта буд. Хулосаи он ҳодиса чунин аст, ки лашкари Шом Абдуллоҳ ибни Зубайрро дар Макка бо роҳбарии Ҳусайн ибни Нумайри Сакунӣ, охирҳои соли сию шашуми ҳиҷрӣ бо фармони Язид муҳосира мекунад. Онҳо Хонаи Каъбаро бо манҷаниқ мезананду бар асари он Хона вайрон шуда, оташ мегирад. Ибни Зубайр то вақти ҳаҷ мунтазир мешавад ва чун мардум меоянд, аз онҳо маслиҳат мепурсад ва мегӯяд: Эй мардум, бигӯед, Каъбаро чӣ кунем? Онро вайрон карда, дубора бардорем ва ё дар ҳамин ҳолаташ таъмир намоем? Ибни Аббос гуфтанд: Фикр мекунам, ки онро бо ҳамин ҳолат таъмир бояд кард, ҳамон хона ва ҳамон санге, ки мардум ба он мусулмон шудаанд, гузоштан зарур аст. Баъд Ибни Зубайр гуфтанд: Агар хонаи худатон сӯзад, ҳатман онро нав мекунед. Чи хел хонаи Худоро нав накунем? Ман аз Худо се бор истихора мекунам, баъд ба кор шурӯъ менамоям. Сипас, баъди се рӯз ба вайрон кардан пардохтанд ва онро ба замин ҳамвор намуданд. Баъд Ибни Зубайр дар атрофаш сутун бардошта, чодар кашиданд ва ба сохтмони он шурӯъ карданд. Он шаш зироъ, ки аз он берун монда буд, ба он ҳамроҳ карданд ва баландиашро ба даҳ зироъ расониданд. Баъд ба он ду дар, яке барои даромад ва дигаре барои баромад гузоштанд. Ҳадиси Оиша, ки дар боло зикр гардид, Ибни Зубайрро ба ин дигаргуниҳо водор намуда буд6.
Бори чаҳорум бошад, баъди кушта шудани Ибни Зубайр будааст. Имом Муслим бо санади хеш аз Ато ривоят мекунанд, ки чун Ибни Зубайр кушта шуданд, Ҳаҷҷоҷ ба Абдулмалик ибни Марвон навишта хабар медиҳад, ки Ибни Зубайр Хонаи Каъбаро бар асосе сохтааст, ки бо он аз аҳли Макка фарқ мекунад. Абдулмалик дар ҷавоби номаи ӯ навишт, ки “Мо ба вайронкориҳои Ибни Зубайр кор надорем. Он чӣ дар баландии Хона илова кардааст, ҳамон хел гузор. Вале он чӣ аз Ҳиҷр изофа кардааст, ба аслаш баргардон. Дареро, ки кушодааст, бибанд”. Баъд Ҳаҷҷоҷ Хонаро вайрон карда, аз нав месозад7.
Мегӯянд, ки баъд аз ин Рашид низ мехоҳад Хонаро вайрон намуда, мисли Ибни Зубайр бозсозӣ кунад. Вале Молик ибни Анас (раҳ.) ӯро аз ин роҳ гардонида, мегӯянд: “Шуморо ба Худо, эй Амирулмӯъминин. Ин Хонаро бозичаи дасти подшоҳони баъди худ накунед, ки пас ҳар кӣ чизе дар он тағйир додан хоҳад, тағйир медиҳад. Дар ин сурат ҳайбати Хона аз дили мардум меравад”8.
Ин чор боре аст, ки дар вуқӯи он ихтилофе нест. Вале маротибаи панҷуме, ки бархе гуфтаанд, ки “Каъба пеш аз Иброҳим (а) бунёд шуда буд ё не” мавриди шакку ихтилоф қарор дорад.
Дар баъзе аз асарҳо ва ривоятҳо омадааст, ки нахустин бор онро Одам (а) сохта буданд. Аз машҳуртарини ин асарҳо ривоятест, ки Имом Байҳақӣ дар “Далоилуннубувват” аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Амр нақл кардаанд. Дар он омадааст: Паёмбар (с) фармуданд: Худованд Ҷабраилро ба назди Одам ва Ҳавво фиристода ба онҳо гуфт: Барои ман хонае созед. Сипас, Ҷабраил (а) барояшон хат кашида доданд. Одам чуқурӣ мекофтанду Ҳавво ёрӣ медоданд ва ниҳоят вақте ба об расиданд, аз поён садо омад, ки “Эй Одам, бас аст”. Вақте ки онро сохта шуданд, Худованд ба ӯ амр кард, ки акнун ба он тавоф намояд. Ба Одам гуфтанд, ки “Ту нахустин одам ҳастиву ин бошад нахустин хона”. Баъд асрҳо гузаштанду Нӯҳ дар замони худ ба он тавоф карданд. Баъд қарнҳо гузаштанду Иброҳим таҳкурсиро бар асоси он хона бардоштанд”.
Сипас, имом Байҳақӣ чунин мегӯянд: Ин ҳадисро танҳо Ибни Луҳайъа бо ҳамин шакл аз Паёмбар ривоят кардааст. Маълум аст, ки Ибни Луҳайъа заиф буда, мавриди эътимод нест.
Боз ривояту асарҳои дигаре низ ҳастанд, ки дар маъно ба ин ривояти Байҳақӣ наздик мебошанд. Вале ҳамаашон аз заъфу мункарӣ орӣ нестанд. Боз гуфтаанд, ки “нахустин касе ки онро бунёд кардааст, Шис (а) буд”.
Агар ба ин асару ривоятҳои заиф эътимод кунем, сохтмони Каъба панҷ бор мешавад. Вале беҳтар аст, ки ба он чӣ дар ин масъала собит шудааст, эътимод намоем. Яъне, чи тавре ки гуфта шуд, Хонаи Каъба дар тӯли вуҷудаш чор бор сохта шудааст, ба истиснои он тармиму ислоҳоте дар замонҳои мухталиф нисбат ба он анҷом пазируфтааст. Аммо он чӣ аз ин шумора зиёда аст, дурустии онро танҳо Худо медонад.
- Дараҷаи ҳикмати Паёмбар (с) дар тадбири умуру ҳалли низоъ. Миёни чӣ касон? Миёни касоне, ки ба майдатарин сабаб ҷанҷолу низоъ мебардоштанд ва барои хурдтарин низоъ хун мерехтанд. Дар ин ҳодиса тавре маълум аст, ба ҳадде низоъ тезутунд шуд, ки қариб миёнашон ҷанг сар занад. Қабилаи Банӣ Абдиддор ҳамроҳ бо Банӣ Адӣ табақи пурхунеро оварда, ба он дасташонро халониданд ва ба мурдан аҳд бастанд. Қабилаҳои Қурайш чор ё панҷ шабонарӯз ба ҳамин минвол монданд. Касе ононро ба созиш оварда наметавонист ва ниҳоят, оташи фитна ба дасти Паёмбар (с) хомӯш гардид. Мо бояд ин хусусияти Паёмбар (с) ба нубӯғе, ки дар ниҳодашон буд ва ё он заковате, ки дар фитрат доштанд, ба он мансуб донем, ки Худованд он касро барои бардоштани бори рисолат ва нубувват ихтиёр карда буд.
Зеро асоси аввал дар ташаккули Паёмбар (с) ин расул ва набӣ буданашон аст. Дигар хусусиятҳояшон мисли нубуғу зиракӣ ва заковат бошад, бар асоси он ва дар пайравӣ аз он меояд.
- Миёни табақаҳои гуногуни мардуми Қурайш то чи ҳад дорои манзалати баланд будани Он ҳазрат (с). Паёмбар (с) миёни онҳо бо номи “амин” маъруф буданд. Ҳама дӯсташон медоштанд. Дар ростқавливу хушахлоқиашон касе шубҳа надошт. Ҳама медонист, ки вақте аз он кас ёрӣ талабанд, ё ба он кас эътимод намоянд, ҳароина бо ихлоси том ба он ҷавоб медоданд.
Ин ҳолатҳо ба шумо маълум мекунад, ки айнан ҳамин нафарон то чӣ ҳад дили худро бо кинаву адоват нисбат ба он кас пур карданд, вақте аз тарафи Худо паёмбар шуданд ва то чӣ андоза он касро дурӯғчӣ шумориданду озор доданд, вақте ба расонидани рисолати Ӯ ба онҳо пардохтанд.