Рубрики Хабарҳо

Муҳиддин Кабирӣ: Салоҳиятҳои иқтисодии раисҷумҳур ба сарвазир дода шавад

“Эмомалӣ Раҳмон аз воқеият комилан дур рафтааст, аслан намедонад, ки мардум дар кадом шароит зиндагӣ доранд ва аз оддитарин формулаҳои илми иқтисодиёт хабар надорад. Ӯ намедонад, ки агар мардум дусола он тараф истад, як моҳа захираи хурокашонро аз бозор харидорӣ кунанд, дар бозорҳо аслан ягон чиз намемонад ва нархҳо чанд баробар бештар мешавад… Бинобар, бояд салоҳияти блоки иқтисодии кишвар ба души сарвазир вогузор шавад”.

Ин ҳарфҳоро шоми дирӯз 20 апрел,  Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон зимни як сӯҳбати онлайниаш баён дошта, бо таъкид пешниҳод кард, ки салоҳиятҳои иқтисодии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазир, Қоҳир Расулзода вогузор шавад.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон зимни сӯҳбаташ сараввал ёдовар шуд, ки чанде пеш  эътилофи зери роҳбарияш — Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар асоси фикру андешаҳои коршиносону мутахассисон ва ҷомеаи кишвар, як бастаи даҳгонаи пешниҳодро тартиб дода, ба ҳукумати Тоҷикистон пешкаш карда буд. Ба бовари Муҳиддин Кабирӣ пешниҳодҳое, ки ПМТ кард, ҳама иҷрошаванда ва мувофиқи тавону қудрати ҳукумати Тоҷикистон буданд.

Аммо, Кабирӣ афсӯс хурд, ки ин пешниҳодҳо нодида гирифта шуданд. 

“Мо баъди мушоҳида ва назорати рафтори ҳукумат ба пешниҳодҳоямон, ба хулосае омадем, ки бояд пешниҳодҳои мо як каме мушаххастар гуфта шаванд. Аз ҳукумат бояд қотеъона талаб кард, ки чораҳои фаврӣ биандешад”. — изҳор дошт Кабирӣ

Раҳбари Паймони миллӣ гуфт, агар бо ин андеша бошем, ки мо опозитсия ҳастем ва дар берун қарор дорем, ҳар чи қадаре ҳукумат иштибоҳ кунад ба нафъи опозитсия аст, ин ҳолат фурӯ рафтани ҳукумат ба бӯҳронро бештар мекунад ва ин як мавқеъгирии бисёр фурсатталабона аст. Миллат дар ин ҳолати бӯҳрон азияти бештар мекашад.

“Ман баъди он ки матни суханронии раисҷумҳурро дар ҷаласаи якуми Маҷлиси Миллии Тоҷикистон  хондам, ба хулосае омадам, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ё воқеан хабар надорад, ки дар ҷаҳон ва дохили кишвар  чӣ мегузарад, Ё хабар дораду амдан, махсус мардумро дар як ҳолати бехабарӣ қарор медиҳад, фиреб мекунад ва ҷомеаро ба самти дигар мебарад. Дар ҳамин ҳолату шароит чӣ аз ҷониби мухолифин ва чӣ аз ҷониби ҳукумат, танҳо гузоштани миллат ва мардуми кишвар, ин сиёсат ё мавқеъи бемасъулиятона аст”. —  таъкид кард роҳбари ПМТ.

Ба бовари Муҳиддин Кабирӣ ҳукумати имрӯзаи кишвар ислоҳшаванда нест, аммо, бо вуҷуди ин ҳолат, бояд як гурӯҳе рӯи кор оянду кишварро идора кунанд. Набояд то фалаҷ шудан ва рӯ ба нобудӣ овардани ҳукумат интизор буд.

Роҳбари ПМТ   бо дарназардошти буҳрони ояндаи Тоҷикистон баён дошт, ки масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз худи маризии коронавирус дида бештар аҳамият доранд. 

“Худи коронавирус аз лиҳози тиббӣ шояд зарараш баробари зарари кишварҳои дигар бошад, аммо зарари иқтисодӣ ва иҷтимоияш ба Тоҷикистон ба маротиб бештар аст.  Зеро Тоҷикистон сарчашмаҳои бузурги молӣ надорад, захираҳои бузурги нефту газ ва дигар маводе, ки василаи даромади зудҳангом бошад, Тоҷикистон надорад. Тоҷикистон бештар аз 2 млн муҳоҷир дорад, ки онҳо аз ҷои кор маҳрум мешаванд. Аз ҳама бадтараш ин ки мо як президенте дорем, ки ё хабар надорад, ё худро ба нодонӣ мезанад”. — гуфт Кабирӣ.

Ӯ афзуд: Бинобар ман имрӯз мехоҳам як пешниҳодеро хусусан ба шахси раисҷумҳури кишвар ироа хоҳам кунам. Умед дорам, ки ҷомеа онро ҷиддӣ хоҳад гирифт ва атрофаш баҳс хоҳад кард. Ин ҳам онаст, ман ба хулоса омадам, ки беҳтар мебуд, блоки иқтисодии ҳукумат- Вазоратҳои иқтисод, молия, БМТ, Вазорати кишоварзӣ ва ҳатто Вазорати тандурустиро ҳам, ки дар ин шабу рӯз яке аз вазоратҳои марказӣ ва масъули кишвар ҳам шудааст, аз доираи салоҳиятҳои раисҷумҳури Тоҷикистон бояд берун кард ва ин салоҳиятҳоро бояд дар ихтиёри сарвазири кишвар дод”.

Роҳбари ПМТ ин пешниҳодашро шарҳ дода гуфт, барои он ин пешниҳодро мекунад, ки “раисҷумҳурии феълии Тоҷикистон дониши кофии иқтисодӣ надорад ва тафаккураш асосан тафаккури иқтисодӣ нест. Аз тарафи дигар дар тамоми низоми ҳукуматдории кишварҳо ҳаллу фасли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ вазифаи аввалини сарвазирҳо аст”. 

Ба бовари Кабирӣ, сарвазири феълии кишвар Қоҳир Расулзода, ки таҷрибаи собиқаи идораи як вилоятро дорад ва аз руи шунидаҳо ва хондаҳояш аз расонаҳо мутахассиси на чандон бад дар соҳаи иқтисодиёт аст. 

“Ҳарчанд ман суханронии ӯро нашунидам, аммо фикр мекунам, соҳаи иқтисодиётро ба маротиб хубтару беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон мефаҳмад. Ба ин ман муътақидам ва бовар дорам.  Агар раисҷумҳури Тоҷикистон дар ғами миллату кишвар бошад, ҳатман қарори махсуси худро ҳамчун раиси ҳукумат содир мекунад ва салоҳиятҳои блоки иқтисодиро ба души сарвазир вогузор мекунад. Ҳоло ки писарашро нафари дуюми кишвар кард, раисҷумҳур набояд ҳарос дошта бошад, ки сарвазир ҷои ӯро танг мекунад ва ё дар фикри ба даст гирифтани қудрат мешавад”. — шарҳ дод, Кабирӣ

Роҳбари ПМТ зимни ин сӯҳбаташ аз салоҳиятҳои кучаки сарвазир изҳори нигаронӣ карда гуфт, салоҳиятҳои имрӯзаи сарвазир аз ҳеҷ вазири дигар фарқ намекунад, балки бо номи болотар дар баробари вазирони дигар ифои вазифа мекунад. Бинобар, дар чунин ҳолат агар фикрҳои хуби иқтисодӣ ҳам дошта бошад, наметавонад онро амалӣ кунад.

Ҳамчунин дар рафти сӯҳбат Муҳиддин Кабирӣ шарҳ дод, ки чаро ба ин бовар аст, тасаввурот ва салоҳияти мудирияти буҳрони иқтисодии кишварро Эмомалӣ Раҳмон надорад. 

“Тамоми ҳукуматҳои ҷаҳон дар ду се ҳафтаи охир барномаи иқтисодии худро барои як семоҳа пешниҳод карда истодаанд, ки вазифаи ҳукумат чист,  ҳукумат барои рафъи буҳрон чӣ омодагӣ дорад ва аз мардум як хоҳиш дорад, ки тавсияҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Аммо, раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояш комилан на ҳамчун раисҷумҳур, балки мисли як раиси маҳалла ё бобокалони як оила ҳарф мезанад.  Суханҳои раисҷумҳур, ки мегӯяд, захираи дусола кунед, дастҳоятонро бишӯед, пиронсолон аз хона берун нараванд ва дар баробари ин ҳамчун як роҳбари давлат ва раиси ҳукумат барномаи иқтисодӣ надорад, бар он далолат мекунад, ки раисҷумҳур ё вазъиятро дарк намекунад, ё намефаҳмад, ё худро ба нодонӣ мезанад. Дар ҳамин ҳол тамоми масъулиятро ба души мардум гузоштааст. Мардум бояд худаш захира кунад, бояд ғами иқтисодиёташро худаш хурад. Аммо маълум нест, ки раисҷумҳур ғайр аз рақсу бозӣ, тамошо ва сайри гулу лола бояд чи кор кунад”.- гуфт Кабирӣ

Роҳбари ПМТ барои тақвияти ин суханаш қимматшавии нарху маҳсулоти озуқавориро мисол овард:

“Шумо тасаввур кунед, танҳо ба он сухане, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мардум гуфт, захираи дусола кунед, чӣ қадар вазъи бозорҳо ба ҳам хурд. Як инсоне, ки тафаккури иқтисодӣ дорад, нигоҳи иқтисодӣ ва рушд дорад, ҳеҷ гоҳ ин суханро ба миллат намегуяд, ки шумо бояд маводи хурокаи дусолаи худро захира кунед. Аввалаш барои ин дарки иқтисодӣ доштан лозим, ки оё барои захираи дусолаи мардуми Тоҷикистон мавод ҳаст ё не? Билфарз, ин мавод вуҷуд дорад. Оё мардум барои захираи маводи хурокаи дусола пул доранд? Билфарз, ки агар мардум пул ҳам пайдо карданд, оё як оила ё як деҳа барои захира кардани маводи хурокаи дусола ҷои нигоҳдории онро дошта бошад? Табиист, ки ҳеҷ кадом аз ин шароитҳо вуҷуд надорад. Ин ҳама баёнгари он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз воқеият комилан дур афтодааст. Аслан намедонад, ки мардум дар кадом шароит зиндагӣ доранд ва аз оддитарин формуллаҳои илмии иқтисодиёт хабар надорад. Ӯ намедонад, ки агар мардум барои захираи дусола не, ҳатто якмоҳа харидорӣ кунанд, дар бозорҳо ҳеҷчиз намемонад ва нархҳо чанд баробар баланд мешавад. Ҳамин ҳарфҳои раисҷумҳур буданд, ки мардум якбора худро ба бозор зада истодаст ва нархҳо қимат мешаванд.” — мисол зад роҳбари ПМТ.

Кабирӣ бо ба назар гирифтани шароити имрӯзаи буҳрони ҷаҳонӣ ба ин далел, ки ҳаҷми воридот ба Тоҷикистон коста мегардад ва истеҳсолоти дохилӣ кам аст, гуфт, дар оянда низ эҳсос мешавад, ки нархи маҳсулоти ғизоӣ боло меравад. 

“Бинобар, мо пешниҳод мекунем, ки як ситод бо додани салоҳиятҳои пурра барои мудирияти блокӣ иқтисодӣ  ташкил шавад. Роҳбарияти ин ситод ба уҳдаи сарвазири кишвар ва ё яке аз муовинонаш вогузор шавад. То ин ки дар ин муҳлати чандмоҳа кишвар аз ин буҳрон берун шавад ва баъдан бубинем, ки ояндаи кишвар чигуна хоҳад буд”. 

Муҳиддин Кабирӣ, Роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ гуфт, агар ин пешниҳоди мо қобили қабул нест ва бо ҳар далеле онро ҳукумат ва ё коршиносон рад мекунанд, бигзор пешниҳодҳои худро беҳтар аз ин руи кор биёранд.

“Хоҳиш мекунам, ки пешниҳодҳои худро беҳтар аз ин пешниҳоди мо ба ҳукумат ва ба ҷомеа пешниҳод кунанд. Ба хусус ҳукумати Тоҷикистон бояд имрӯз барномаи мушахасси худро ба миллат пешниҳод кунад, ки дар ин се — чаҳор моҳи оянда чи кор хоҳад кард. 

  • Оё андози мардум поинтар меравад?
  •  Оё роҳи Душанбе — Чаноқро бепул мекунанд?
  • Оё соҳибкоронро аз пардохти андоз комилан озод мекунанд?
  • Оё сатҳи ҷарима ва пардохти гумрукӣ поин бурда мешавад?
  • Ба ҳар як соҳибкор ва ё тоҷире, ки дар ин буҳрон сармояи худро аз даст медиҳад, ҳукумат чи кумаке карда метавонад?

Бояд ҳукумат зимни як барнома, мисли тамоми ҳукуматҳои дигар ин масъаларо бояд бубинад. Зеро, айни ҳол тамоми ҳукуматҳои ҷаҳон ба ҷуз Тоҷикистон сари ин масъала кор карда истодаанд”. — тавзеҳ дод Кабирӣ.

Дар ниҳояти сӯҳбаташ, Муҳиддин Кабирӣ таъкид кард, ки барои эътирофи буҳрон, вазъият ва вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон ҷуръат ва ҷасорат лозим аст.

Ӯ гуфт: “Маълум аст, ин шуҷоату ҷасорат дар Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол вуҷуд надорад, ки ҷуръат кунад вуҷуди ин коронавирусро эътироф намояд.  Ҳоло, ки ин ҷуръатро надорад, масъулияти худро ҳамчун президент, ҳамчун роҳбари ҳукумат анҷом бидиҳад ва ба мардум бигуяд, ки аз лиҳози иқтисодӣ ҳукумат чӣ барнома дорад ва дар ин ду- се моҳи наздик аз уҳдаи чӣ корҳое мебарояд. То ин ки ин “паника” ва номуайянӣ дар бозорҳо ва ҳаёти мардум ба вуҷуд наояд”.

Дар иловаи ин ҳарфҳояш Кабирӣ гуфт: “Мутмаин бошед, ки агар дар Тоҷикистон “паника”, номуайянӣ ва қимматшавии нархҳо ба вуҷуд меояд, ин аз навиштаҳои расонаҳо ва аз гуфтаҳои опозитсиюн нест. Ин аз рафтор, сиёсатҳо ва аз барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон, бахусус роҳбари он раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинобар, ин пешниҳоди мо ҷиддӣ қабул мешавад ва атрофаш андеша хоҳад шуд ва боварӣ дорем, ки агар ин пешниҳодҳои мо ба инобат гирифта шавад, кишвари мо ин буҳронро бо зарарҳои камтар паси сар хоҳад кард”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *