Рубрики Хабарҳо

Ҷаҳиши қимати гази моеъ дар Тоҷикистон

Қимати гази моеъ, яке аз арзонтарин навъи маводи сухт дар Тоҷикистон тайи чаҳор рӯзи охир боло шуда якбора то ба 4 сомонӣ расидааст

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл ин навъ маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии кишвар бо нархи 3, 3 – 3, 4 сомонӣ фурухта мешуд.

Коршиносон мегуянд,  болоравии қурби доллар ба афзоиши нархи маводи сӯхт таъсир расонидааст. 

Баъзе сокиноне, ки дар бозорҳо фаъолият мекунанд дар бораи баландшавии арзиши доллар дар бозори сиёҳ хабар медиҳанд.

Бар асоси нархномаи ҷадиде, ки ширкатҳо мураттаб намудаанд, тағйирот танҳо дар фурӯши газ мушоҳида шуда, арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба мисли рӯзҳои қаблӣ бетағйир аст.

Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *