Давлати Укроин эълом кард, ки шумори талафоти исобати мушаки Русия ба як маркази савдо дар шаҳри Кременчуг ба дасти кам 18 кушта ва 59 захмӣ расидааст. Муттаҳидони Укроин ин ҳамларо маҳкум ва Гурӯҳи-7 онро мисдоқи ҷинояти ҷангӣ тавсиф кард.
Бинобар гузориши мақомҳои маҳаллӣ, рӯзи душанбе як мушаки шилликшуда аз сӯи артиши Русия, ба ин маркази савдои серодам дар ин шаҳр воқеъ дар маркази Украина исобат карда ва боиси инфиҷор ва сӯхтори густурда шудааст.
Дмитрий Лавнин, фармондори маҳаллӣ дар устони Полтава бо интишори ин хабар дар ҳисоби телеграми худ навишт: “ишғолгарони рус ба сӯи як маркази савдо бо ҳузури беш аз ҳазор ғайринизомӣ мушак шиллик карданд ва боиси маргу ҷароҳати чандин нафар шуданд. Маркази савдо дар оташ месӯзад ва оташнишонҳо барои хомӯш крадани сӯхтор талош мекунанд.” Лавнин дар ҳамин паём ҳушдор додааст, ки “шумори қурбониён ғайри қобили тасаввур аст.”
Шиллик аз минтақаи Курски Русия
Бинобар гузориши нерӯи ҳавоии Укроин, ин маркази савдо ҳадафи мушакҳои зидди куштии KH-22 қарор гирифта, ки аз бомбафканҳои дурбурди TU-22 мустақар дар минтақаи Курски Русия шиллик шудаанд.
Гуфта мешавад мушак дар ҳоле ба самти ин минтақа шиллик шуда, ки шаҳри Кременчуг аз манотиқи ҷангӣ дур аст ва ҳеҷ иртиботе низ бо фаъолиятҳои низомии Укроин надорад.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар паёме дар фейсбук эълом кард: “ин маркази савдо дар оташ аст ва имдодгарон дар ҳоли мубориза бо оташ ҳастанд.”
Ӯ дар паёми дигаре дар телеграм, бо ишора ба ин ки “ин макон ҳеҷ арзиши низомӣ ё стратегӣ надошт” навишт: “Русия аз сари нотавонӣ ба шикори шаҳрвандони одӣ идома медиҳад. Мо наметавонем аз Маскав интизори рафтори шоиста ва инсонӣ дошта бошем.”
Кременчуг як шаҳри санъатӣ аст, ки бузургтарини полоишгоҳи нафти Укроинро дар худ ҷой додааст. Аммо гузориши хабарнигорони байналмилалӣ ҳокӣ аз он аст, ки ин полоишгоҳ дар фосилаи комилан дуре аз ин маркази тиҷорӣ қарор дорад.
Дмитрий Лавнин, фармондори маҳаллӣ дар устони Полтава ин ҳодисаро як “ҷинояти ҷангӣ” ва “ҷиноят алайҳи башарият” ва як “амали террористии пинҳон ва бадбинона” алайҳи мардуми ғайри низомӣ хонд ва онро маҳкум кард.
Вокунишҳо ба ҳамлаи Кременчуг
Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико дар паёми твиттерӣ навишт: “ҷаҳон аз ҳамлаи мушакии имрӯзи Русия, ки ба як маркази хариди серодам дар Укроин исобат кард ва охирин маврид аз як риштаи ҷиноёт буд, ваҳшат задааст. Мо ба ҳимоят аз шарикони укроинии худ идома хоҳем дод, Русия ва касоне, ки масъули ин ҷиноёт ҳастандро посухгӯ хоҳем кард.”
Стивен Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони милали муттаҳид ин ҳамларо “комилан таассуфбор” хонд ва гуфт: “мо бори дигар таъкид мекунем, ки тарафайн бар асоси қавонини байналмилалии башардӯстона, муваззаф ба ҳифозат аз ғайри низомиён ва зерсохтҳои ғайри низомӣ ҳастанд.”
Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё ин ҳамларо нишондиҳандаи “зулм ва ваҳшоният”-и Путин донист.
Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба зудӣ барои баррасии даври ахири ҳамалоти мушакии Русия ба шаҳрҳо ва манотиқи маскунии Укроин, ҷаласаи изтирорӣ ташкил медиҳад.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса хостори пайгарди кайфарии масъулони ин ҳамла шуд.
Раҳбарони Гурӯҳ-7 кишвари санъатӣ, ки дар Олмон ҳузур доранд ин ҳамларо мисдоқи ҷинояти ҷангӣ тавсиф карданд.