Шӯҳрати Раҳматулло, фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ровии барномаи хабарии Паём ТВ дар саҳифаи фейсбукиаш аз эъмоли шадиди фишор алайҳи хонаводааш хабар дод. Тибқи навиштаи ӯ, гурӯҳе ба хонаи модараш омада, таҳдид кардаанд, ки дар сурати даст накашидани Шӯҳрат аз танқиди Ҳукумати Тоҷикистон, барои хонаводааш мушкилоти бузурге эҷод хоҳанд кард.
Паём тасмим гирифт тафсири ҳодисаро аз забони худи Шӯҳрат бишнавад ва ба хонандагон бирасонад.
— Ин ҳодиса кай ба вуқӯъ пайваст ва киҳо ба хонаи Шумо омадаанд?
— Ин ҳодиса парер, 21-уми январ буд. Соаташро дакик намедонам, чун хабар аз дохил расид. Дигар маълум ки метарсанд. Ва тибқи маълумоти ба ман расида, 4-5 нафар буданд: ду корманди мақомоти амниятӣ, намояндаи ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ва раиси маҳалла ва муллои масҷиди маҳалла. Ҳамроҳашон дастгоҳи сабти овоз (диктофон) доштанд. Намедонам, шояд сабт мекарданд ва ба ҷои даркорӣ бурда, барои ҳисобот тақдим мекунанд. Шояд аз ин сабтҳои диктофон маъошашон таъин шавад.
— Қаблан ҳам шумо аз чунин фишорҳо мегуфтед. То ин замон чӣ зарарҳое ба хонаводаи Шумо расонианд?
— Бале, ин таҳдидҳо бори аввал нест ва шояд охирин ҳам набошад. Чун маълум аст дигар, ки агар аз камбудии ҳокимону ҳукумат бигӯӣ, ҳатман ба балое гирифтор мешавӣ. Яке аз зарарҳояшон ин аст, ки шиносномаҳои пайвандонро гирифтаанд ва наметавонанд ба ҷое сафар кунанд. Ҳамчун гаравгон нигоҳ медоранд. Ҳатто бечора хоҳарам фарзанди маъюбу бемор дорад, ки табобаташ дар кишвари мо ғайриимкон аст ва маблағи калон талаб мекунад, вале намегузоранд сафар кунад.
Пайвандонро бо чашми дигар нигоҳ мекунанд. Ба падари дарзиндонбуда ишора мекунанд, таҳдид мекунанд, ки агар хомӯш нашинад ғами падараш метавонад хомӯшаш кунад. Мисли тақрибан 1 соли қабл, ки фаъолият карданам дар барномаи телевизионӣ боис шуд падарамро ба карсер интиқол доданд ва он ҷо чанд рӯз гурусна нигоҳ доштанд. Пайвандон ҳам аз тариқе ба ман паём расонданд, ки “бас кун, вазъиятамон хуб нест.”
Ба назди хонаамон гурӯҳе аз донишҷӯёнро ба таври иҷборӣ барои митинги ғайриқонунӣ равон карданд. Дар назди дарвозаамон бо садои баланд доду фиғон бардоштанд. Бо тухму себу лағад дарвозаи хонаро заданд. Оташ афрӯхтанд, ки боиси тарсидани кӯдакон шуд ва то ҳол бо тарс аз ҷойгаҳи хоб мехезанд. Ин қазияи рухдода расонаӣ шуда буд. Таҳдиду дашномҳои гушношуниди онҳоро тариқи паёмаки мессенҷерҳо хисоб намекунем, чун ин як фарҳанги баъзе намояндаҳои КДАМ аст. Магар ин ҳама зарар нест? Гапҳо зиёданд, вале намешавад ҳамаи зарарҳои режимро ба мардуми кишвар ҳисоб кард. Ҳар куҷое сар назанем, будани ҳамин режим пур аз хатару зарар мебошад.
— Аз паёми КДАМ, ки ба гуфтаи Шумо муллои маҳалла расонидааст, бармеояд, ки таҳдиди гирифтани хонаи модаратонро мекунанд. Қаблан ҳам ҳамин таҳдид садо дода буд, ё бори аввал аст, ки аз мусодираи хона ҳарф мезананд?
— Дар бораи хона бори аввал нест, ки мегӯянду ишора мекунанд. Ба мусодира кардани ину он борҳост тахдид мекунанд. Ин дафъа ҳам амният тавассути муллои маҳалла паём додааст, ки дар сурати қатъ накардани фаъолияти сиёсиам хонаро мусодира мекунанд. Албатта бо ишора. Яъне гуфтааанд модараш беақл занак будаст, аз хонаву дараш монад баъд мефаҳмад зиндагиро. Ҳамчунин талаб кардаанд, ки сомонаи “Паём”-ро бандам (механдад).
— Аз навиштаи Шумо дар саҳифаи фейсбукиатон бармеояд, ки онҳо ҳамчунин ба пайдо кардани зану фарзандонатон таҳдид кардаанд. Мехоҳанд бо зану фарзандонатон чӣ кор кунанд?
— Дар масъалаи зану фарзандонам борҳост ки таҳдид мекунанд. Ҳангоми фаъолияти телевизиониам дар Истамбул, ёдам ҳаст, ки тариқи паёмак ҳатто андозаи қади фарзандонамро гуфтанд. Бубинед, фаъолият дар расонаро терроризм меноманд, вале худашон бо зану кӯдак таҳдид мекунанд. Мегуфтанд, марги раҳматии Умаралӣ Қувватовро ба хотир биёр, куштану нобуд кардани шумо бароямон осон, аст аз таги замин ёфта нобуд мекунем… Беҳтараш бас кун, ғами зану кӯдакхоятро хӯр. Офисатонро дар Туркия ёфта метарконем. Ҳукумат дар дастамон аст, ҳар чӣ хоҳем мекунем. Ҷаноб иҷозат додагӣ аст. Гоҳо ҳатто зери баромадҳоям менавиштанд таҳдидҳояшонро. Бо истифода аз фурсат, инҷо мехоҳам эълон кунам, ки ҳар ҳодисае бо модар, хоҳару бародарон ё зану фарзандони ман рух дод, масъулияташ ба дӯши ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст. Худамро намегӯям, ҷони ман фидои озодии мардуми шарифи кишварам бод. Бигзор маро кушанд, вале ба хонаводаам кордор набошанд.
Ҳоло танҳо ҳамин фишанги фишорашон боқӣ мондааст — мехоханд зану кӯдакони ҳар фаъоли ҷомеъа дар дасташон гарав бошад. То тавассути зану фарзандон даҳони ҳар эътирозкунандаеро бибанданд.
Барояшон ҳеҷ муқаддасоте вуҷуд надорад. Модару мӯйсафеди тоҷикро бо сабту паҳни чанд фоҳише дар ҷаҳон шарманда карданд. Фикр карданд бо ин кор ба Наҳзат зарба мезананд, вале миллатро дар ҷаҳон фоҳишу зинокор муаррифӣ карданд. Худ шоҳидед, ки мо чандин аксу навор дар бораи фаҳшу зиноҳои мансабдорони баландтарин сатҳ ва хонаводаҳояшон дорем, аммо бо вуҷуди ин ҳама зулму хиёнатҳояшон нашр намекунем. Чун ин кор пеш аз ҳама зарба ба имиҷи миллат аст. Онҳо имрӯз ё фардо мераванд, вале наворҳо то қиёмат боқӣ мемонанд ва миллатро чун фоҳишу бадкор муаррифӣ мекунанд.
Ҳамин истифодаи зану кӯдаку падару модар ҳам имрӯз барояшон каме натиҷа додааст, вале фардо дарди сари бузурге барои худашон хоҳад шуд.
— Чанд фарзанд доред ва чандсолаанд?
— Шукри Худованд, 3 фарзанд дорам — 2 писар ва як духтар. Ҳамроҳи оилаву фарзандонам якҷоя зиндагӣ дорем. Вале ҷоямро гуфта наметавонам (механдад).
— Сабаби қатъи барномаи видеоии хабарӣ ба карсер интиқол ёфтани падаратон буд?
— Бале. Вакте дар телевизион кор мекардам ба пайвандонам фишор меоварданд. Борҳо модарам мегуфт бас кун, кор накун. Падаратро азоб медиҳанд дар зиндон. Ман ба ин ҳама нигоҳ накарда, идома медодам. Чун билохира журналистам. Рисолати журналист расонидани хабарҳои вокеъист. Боз хабар мешуд, ки бас кунам. Диданд, ки нашуд, ба модарам гуфтанд, мо қавл медиҳем, ки агар фаъолияташ дар барномаи телевизиониро бас кунад, дигар бо шумо кордор намешавем. Ман ҳам гуфтам, хуб, бо модару хонаводаам кордор набошанд, падарамро шиканҷа накунанд, бас мекунам. Вале ваъдаҳояшон пуч баромад. Мисли ҳама ваъдаҳое, ки 26 сол аст медиҳанд. Ба ваъдаашон, чуноне ки ба Созишномаи сулҳ карданд, хиёнат намуданд.
Акнун талаб доранд, ки тамоман хомӯш бошам. Фаолиятамро дар сомона катъ кунам, сомонаро бандам. Агар ин корро кардам, ба пайвандон кадом сабукие медодаанд. Хандаовар аст. Гуё сомона моли шахсии ман бошад.
— Хуб, бастани «Паём», ки дар салоҳияти Шумо нест, вокуниши Шумо ба ин таҳдидҳо чӣ гуна хоҳад буд? Минбаъд ҳукуматро танқид нахоҳед кард?
— Бубинед, аз замоне ки пахши барномаи хабариро қатъ кардем, байни ду дарё қарор гирифтаам. Яке фикри падару модар, дигаре фикри миллати мазлум. Билохира ба ин натиҷа расидам, ки хомушӣ дар баробари ноадолатӣ гуноҳ аст. Албатта бисёр сахт аст таҳаммули шунидани фишор ба модари азиз. Вале модарам як нафар аст, миллат 8 миллион. Ман метавонам барои ранҷ накашидани модарам хомӯш бошам, вале бо ин ранҷи миллат тамом намешавад. Шояд модарамро ранҷ накунанд (дар асл ба ваъдаҳояшон вафо накардаанду ҳамеша ранҷ додаанд), вале модарони дигарро ранҷ хоҳанд кард. Миллионҳо модар дар ранҷ аст ва модари ман танҳо нест, ки ранҷ мекашад. Аз мубориза барои пирӯзии ҳақ бар ботил ҳеҷ гоҳ даст нахоҳам кашид. То золимон осуда набошанду аз паи ислоҳу ислоҳот шаванд.
— Фикр намекунед, ки дар зиндон вазъи падаратонро бадтар кунанд?
— Мо ҳамеша, ҳатто замоне, ки сахттарин ҳарфҳоямонро мегуфтем, бо таҳаммул ва андешаи зиндониён мегуфтем. Яъне то ҳанӯз на ҳама ҳарфҳоро гуфтаем ва на ҳама асрорро ифшо кардаем, зеро аниқ медонем, ки дар сурати гуфтани он ҳарфҳо ҳатман ба зиндониён зарари бештар хоҳанд расонд. Ба мо аз дохили худашон, ҳатто бародар алайҳи бародар факту далел мефиристанд, ки нашр кунем, вале накардаем. Чун нигарони вазъи зиндониён ҳастем. Вале рӯзе, агар ба натиҷае расидем, ки вақти нашрашон омадааст ва нашри онҳо ба нафъи миллат аст, ҳатман нашр хоҳем кард. Ва фикри падарамро ҳам нахоҳам кард. Падарам вақте ин роҳро интихоб мекард, медонист, ки натиҷааш метавонад ҳамин зиндону шиканҷа бошад. Вале кард. Шиканҷааш ҳам карданд, вале аз роҳаш нагашт. Коре, ки бештар аз кардаашон метавонанд кунанд, куштанаш аст. Падарам ҳамеша орзуи шаҳодат дошт, ба орзуяш хоҳад расид. Ман ҳам агарчӣ таҳаммули аз даст додани падар хеле сахт аст, ифтихор хоҳам кард, ки падари шаҳид дорам. Падаре, ки барои озодии миллат ҷонашро нисор кардааст.
Мубориза қурбонӣ мехоҳад. Агар як гурӯҳ аз ин миллат ба додани қурбонӣ розӣ шавад, пирӯзӣ фаро хоҳад расид. Вале агар ҳеҷ гурӯҳе розӣ нашуд, на танҳо пирӯзӣ фаро намерасад, балки қурбонӣ ба маротиб бештар хоҳад буд.
Бубинед, имрӯз ҳазорон нафар ҷавонони миллат паси панҷараҳои зиндонанд. Даҳҳо нафар кушта шудаанд. Агар онҳо чанд сол пеш иқдом мекарданд ҷон ва озодиашонро, ки инак беҳуда аз даст додаанд, барои озодии миллат фидо кунанд, мутмаинам, ки имрӯз ҳам худашон озод буданд ва ҳам ҳамаи миллат. Вале накарданд. Фикр карданд хомӯш будан аз зиндону марг наҷоташон медиҳад. Вале тақдир азалист ва маргу зиндон агар дар тақдират навишта шудааст, ҳатман хоҳӣ дид.
Магар беҳтар нест, ки он барои озодиву саъодати миллат бошад?