Рубрики Хабарҳо

Боздошти корманди Хадамоти иҷро бо ришва

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, санаи 03 июни соли 2020 шаҳрванд «А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саидзода Ҷовид Ҷобир аз ӯ,барои дароз намудани муҳлати иҷрои судӣ, ки дар истеҳсолоташ қарор дорад, маблағи 2500 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда истодааст.

Худи ҳамон рӯз нисбати СаидзодаҶ.Ҷ. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд «А” гирифтани маблағи 2500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидзода Ҷ.Ҷ. идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *