Рубрики Хабарҳо

Иқтисоди Тоҷикистон байни «чораҳои мушаххас»ва тасодуфҳо

Чанд соли охир иқтисоди ҷаҳонӣ наметавонад рушди устувор дошта бошад. Соли 2019 иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҳисоби афзоиши монеаҳои тиҷоратӣ ва афзоиши танишҳои геополитикӣ заиф шуда буд. Нақши асосиро дар паст кардани сатҳи иқтисод он вақт танишҳои тиҷорӣ миёни Амрико ва Чин бозиданд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷаҳонро 0,8 дарсад коҳиш дода буд. Соли 2020 пандемияи коронавирус, баста шудани сарҳадҳо ва манъи берун баромадани мардум боис шуд, ки тамоми ҷаҳон ба бӯҳрони бесобиқае дучор шавад. Тавре Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ қайд карда буд, ММД-и ҷаҳон соли 2020 тақрибан 4,3% коҳиш ёфт, ки дар давоми асри гузашта бесобиқа буд. Агарчи иқтисоди ҷаҳонӣ нисбатан соли 2021 рушд кард ва каме рӯ ба беҳбуд овард, вале ҳанӯз ҳатто ба дараҷаи соли 2019 нарасида буд. Соли 2022 бошад, мушкилии нав, яъне ҷанги Росия дар Украина иқтисоди ҷаҳониро боз ба бӯҳрони шадиде дучор намуд.

Таъсири бӯҳронҳо ба Тоҷикистон 

Бӯҳронҳои пайдарпайи иқтисоди ҷаҳонӣ, пандемия ва ҷанги Украина ҳатман ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир расонд. 

Сандуқи байналмиллалии пул пешгӯӣ мекунад, дар оянда дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар асари ин ҷанг сатҳи камбизоатӣ боло хоҳад рафт.

Тавре дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, илова бар он ки бар асари пандемия қишри камбизоати аҳолӣ шуғлу кор ва масдари даромади худро аз даст доданд ва он таъсирии ҷиддие ба некӯаҳволии ин қишр расонидааст, эҳтимол дорад, ки ҷанги Русия дар Украина ва гарон шудани нархҳо сатҳи камбизоатиро дар Осиёи Миёна боло бибарад.

Мутахассисони Сандуқи байналмиллалии пул қайд мекунанд, бо вуҷуди он ки қаблан пешгӯӣ шуда буд, ки ҷанги Русия дар Украина ба кишварҳои Осиёи Миёна таъсири манфӣ мерасонад, вале ин ҷанг таъсири ғайричашмдошт мусбӣ доштааст. Бо вуҷуди он, мутахассисони ин ниҳод таъкид мекунанд, ки агарчи иқтисод пешрафт карда истодааст, маълум нест, то кай иқтисоди Тоҷикистон аз суст шудани рушди иқтисодӣ дар Русия эмин хоҳад монд, зеро Русия шарики асосии иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад ва аксарияти мутлақи муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар кор ва зиндагӣ мекунанд.

“Ҷанг дар Украина метавонад камбизоатиро дар саросари минтақа тавассути таъсири он ба таваррум ва интиқоли пули муҳоҷирон тақрибан 1 дарсад афзоиш диҳад. Ин чунин маъно дорад, ки солҳои наздик қариб як миллион нафар аҳолии минтақа сафи камбизоатонро пур мекунанд. Вазнинтарин имтиҳонҳои вобаста ба ҷанг бар дӯши камбизоаттарин аҳолии кишварҳои қашоқтарини ин минтақа хоҳад афтод”, — гуфта мешавад дар гузориш.

Мутахассисони ин ниҳод махсус қайд кардаанд, ки интиқоли пул қисми асосии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва Русия бошад, муҳимтарин манбаи интиқоли пул барои Тоҷикистон аст. Таҷрибаи гузашта нишон медиҳад, ки интиқоли пул аз Русия бо ММД-и Русия рабти бевосита дорад — ҳар қадар ММД-и Русия баланд бошад, сатҳи интиқоли пул низ ҳамон қадар баланд мешавад, омадааст дар гузориш. 

Мутахассисони Сандуқи байналмилалии пул гуфтаанд, ки дар сурати бадтар шудани вазъи иқтисоди Русия, ки таҳти таҳримоти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ қарор дорад, мумкин аст, интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам шавад. 

Нуқтаи дигаре, ки барои афзоиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад, таваррум ва болоравии нархҳо дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ аст. Тавре дар гузориши мазкур гуфта мешавад, аҳолии Тоҷикистон аксарияти даромади худ, яъне то 70 дарсади онро барои маводи хӯрока сарф мекунанд. Ҷанг дар Украина боис шуд нархи маводи сӯзишворӣ, аз қабили нафту газ, ба осмон дакка занад ва дар натиҷаи он маводи хӯрока низ гарон шудааст. Нархи баланди маводи хӯрока махсусан ба оилаҳои камбизоат таъсири манфии шадид мерасонад, чун онҳо пасандозе надоранд ва метавонанд гуруснагӣ кашанд.

Тавре Сандуқи байналмилалии пул  пешгӯӣ мекунад, соли 2023 таваррум ва  баланд шудани нархи маводи хӯрока сатҳи камбизоатиро ба ҳисоби миёна то 0,7 дарсад дар минтақа метавонад афзоиш диҳад. Дар кишварҳои қашоқтар, ки сатҳи камбизоатӣ аллакай боло рафтааст, таъсири он хеле бештар хоҳад буд.  Тоҷикистон бештар дар зери хатар қарор дорад, зеро ба таври назаррас кам шудани интиқоли пул метавонад сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон то 1,4 дарсад афзоиш диҳад, ки нисбат ба минтақа ду баробар бештар аст.

Вале мардуми тоҷик набояд ғам хӯрад, зеро “пешвои муаззаме” дорад, ки ҳатман бо “сиёсати дурандешонаву хирадмандона”-и худ аллакай барои ҳалли ин мушкилот чораҳои “мушаххас” андешидааст. Зиёда аз ин, дар паёми солонаи худ “нақшаи чорабиниҳо” барои ислоҳоти зарурӣ пешниҳод кардааст.

Тавре 23 декабри соли 2022 Раҳмон дар паёмаш қайд кард, “дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин ” гардидааст. Албатта, маълум нест кадом намуди ислоҳотро ҳукумат ҷорӣ кардааст ва кадом “тадбирҳои зиддибуҳронӣ” боиси ин қадар рушд шудаанд. На дар фаъолияти вазири рушди иқтисод ва на ягон мақомдори дигар чизе дида намешавад, то мардумро қонеъ намояд, ки воқеан ҳукумат дар ин ҷода коре карда истодааст. Кишварҳои ҷаҳон амалан тадбирҳои зиддибуҳрониро истифода мебаранд, ки аз таҷриба гузаштааст ва самаранокии худро исбот кардааст. Ҳоло чанде аз онҳоро зикр кунем ва бинем, ки оё ҳукумати Тоҷикистон ин тадбирҳоро андешидааст ё на:

  1. Поин фаровардани фоизи қарзҳо

Поин фаровардани дарсади кредитҳо яке аз аввалин чораҳои зиддибӯҳронӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳукумати кишвар бояд дар сиёсати молиявӣ ва қарзии худ пеша намояд. Масалан, Бонки марказии Бритониёи Кабир соли 2009, яъне пас бӯҳрони шадиди 2008 фоизи қарзро аз 5% то 0,5%, яъне даҳ баробар поин фароварда буд. Вале давоми сӣ соли ҳокимияти “пешво”, Бонки миллӣ то ҳол ягон маротиба фоизи қарзро поин нафаровардааст. Фоизи қарзи солона аз 30 то 36 дарсадро ташкил мекунад, ки дар ҷаҳон яке аз баландтарин ба ҳисоб меравад.

  1. Зиёд кардани “пули зинда” дар дасти мардум

Барои ангезаи иқтисод бояд дар дасти мардум “пули зинда” пайдо шавад. Агар мардум пул дошта бошад ва ба харидани маҳсулот шурӯъ намояд, табиист, ки истеҳсолоти кишвар ба ҳаракат медарояд ва иқтисод рушд мекунад. Одатан кишварҳо пулро ба мардум аз тариқи қарзҳои фоизаш пасту  дарозмуддат ва осон дастрасшаванда медиҳанд. Ин таҷрибаро Амрико соли 2009 низ ҷорӣ карда буд. Аз сабаби бӯҳрони шадиди 2008, муфлис шудани бонкҳои бузурги кишвар, аз қабили Bear Stearns (18 миллиард доллар сармоя) ва Lehman Brothers (639 миллиард доллар сармоя), ҳукумати Амрико дар доираи тарҳи TARP 700 миллиард доллар ба бонкҳо ҷудо кард, то онро ба зудӣ ба мардум дар шакли қарзҳои имтиёзнок тақсим намоянд. Албатта, ин маблағро ҳукумат ба шакли қарзи дарозмуддат ва бо фоизи хурд ба бонкҳо додааст, на ба шакли ҳадя ё хайрот. Ин иқдом боис шуд, ки мардум боз пул ба даст дароваранд ва иқтисод оҳиста-оҳиста рӯй ба беҳбуд орад.

Дар вобастагӣ ба Тоҷикистон бошад, ба қавли мардум “аз ҳамон Россия намонем”, зеро ягона роҳи маблағ ба даст овардани мардум муҳоҷирати корӣ шудааст. Муддати сӣ сол ягон барномае барои таъмин кардани мардум бо пул амалӣ нашудааст, ягон қарзи имтиёзноке ба ягон қишри осебпазири аҳолӣ дода нашудааст ва ягон ёрдампулие ба касе на ҳангоми бӯҳрони соли 2008, на ҳангоми бӯҳрони пандемия ва на акнун дар пасманзари бӯҳрони ҷадид пешниҳод карда нашудааст.

  1. Сармоягузорӣ ба тиҷоратҳои хурду миёна.

Тиҷоратҳои хурду миёна асоси рушди иқтисодро ташкил мекунанд ва ба аксарияти мутлақи аҳолӣ таъсиргузор ҳастанд. Аксари кишварҳо бо тасвиби қонунҳои махсус дар давраи бӯҳронӣ ба ин қишр имтиёзҳо доданд. Вале на дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон танҳо ба ширкатҳои бузурги монополӣ, ки аз қазо ба аъзои оилаи раисҷумҳур тааллуқ доранд, имтиёз дода мешавад. Тиҷоратҳои хурду миёна бошанд, аксаран ба мардуми бечора тааллуқ доранд, бинобар ин, бори гарони пур кардани буҷет ва сер кардани кормандони носерами мақомоти андозу сохторҳои қудратӣ ба дӯши ин бечораҳо аст. 

  1. Додани имтиёзҳо ба андозсупорандагон.

Аксари кишварҳо дар давраи бӯҳронӣ ҳам тиҷоратҳо ва ҳам ба аҳолӣ имтиёзҳо дар андоз доданд. Масалан, дар давраи пандемияи коронавирус, дар баъзе кишварҳо тиҷоратҳо қисман ё пурра аз пардохти андоз озод шуданд, дар баъзе кишварҳо барои касоне, ки бекор монданд, давлат аз ҳисоби андози пардохтаашон ёрдампулӣ ҷудо кард. Аммо дар Тоҷикистон боз ҳам роҳати чунин имтиёзҳоро ширкатҳои наздик ба Оила диданду бас.

  1. Кӯмакҳои иҷтимоӣ

Пӯшида нест, ки мардум, хусусан қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла оилаҳои серфарзанд, маъюбон, бевазанону ятимон ва ғайра дар ҳолатҳои бӯҳронӣ ба кӯмакпулиҳои иловагӣ эҳтиёҷ доранд. Вале кӯмаки ин ҳукумату ин “пешво” танҳо дар тавсияи “барои ду сол хӯрок захира кунед” тамом мешавад.

Маълум нест, ки кормандони вазорати иқтисод, бонки миллӣ ва бахшҳои молияи кишвар ба чӣ кор машғуланд. Оё боре ба сарашон чунин фикр меояд, ки барои пешгирии бӯҳронҳои иқтисодӣ чӣ кор бояд кард?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *