Рубрики Asia-Plus

“Ба номи Ҳошим Гадо ҷоиза ва китобхона таъсис дода шавад”. Дар Душанбе 88-солагии Ҳошим Гадоро таҷлил карданд


16:57, 8 май

Ҳамчунин, ҳазорум ҷилди китоби ӯ рӯнамоӣ гардид.

Имрӯз, 8-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 88-солагии Ҳошим Гадо, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳфили адабиву фарҳангӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ, ки аҳли фарҳанг, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва алоқамандони синамо ҳузур доштанд, ҳамчунин 1000-умин китоби ҳунарпеша рӯнамоӣ карда шуд

Пеш аз оғози маҳфил, ширкаткунандаҳо дар толори алоҳида, ки маҷмуи осори Ҳошим Гадо, аз ҷумла, тасвирҳо, нимпайкара, китобҳо ва лаҳзаҳои таърихии ҳаёти ӯ, ба намоиш гузошта шуда буд, боздид карданд.

Бо вуруди Ҳошим Гадо ба толор ва кафкӯбии ҳозирин маросими бузургдошти ӯ оғоз ёфт ва Файзализода Ҷумахон, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардонандагии маҳфилро ба зимма гирифт.

Ӯ сараввал аз саҳми беназири ин ҳунарманди нотакрори тоҷик ёд оварда, аз ӯ ба унвони шахсияти таърихӣ дар санъату фарҳанги миллат ном бурд.

 

Девонааш магӯй, ки ҳушёртар зи мост…

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги кишвар дар суханронии худ ба андешаҳои барҷастаи Ҳошим Гадо, ки дар осори ӯ ниҳон аст, таъкид карда гуфт, аксарият бидуни он ки сухани ӯро дарк кунанд ва ё аз осори ӯ саҳфае мутолиа кунанд, каф мекӯбанд. Ӯ таъкид намуд, ки Ҳошим Гадо мисли ҳама нест ва “девона” хондани ӯ муболиға аст. 

“Девонааш магӯй, ки ҳушёртар зи мост, 

Дар кӯчаҳо мубаллиғи одоби санъат аст…

Яъне Ҳошим Гадо ҳушёртар аз ҳама аст. Девона моем, девонаи китобу санъати ӯ”, — тавзеҳ дод Давлат Сафар.

Ин намояндаи Вазорати фарҳанг пешниҳод намуд, ки ба номи Ҳошим Гадо ҷоиза ва китобхонаи алоҳида таъсис дода шавад. Ин пешниҳод ба кадом ниҳод ва оё он пазируфта мешгавад ё не маълум нест.

Давлат Сафар аз рост шахси аввал

Asia-Plus


 

“Ҳошим Гадо як марди танҳост…”

Хуршед Атовулло, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик пиромуни нависандагии Ҳошим Гадо ҳарф зад ва аз китоби ӯ бо номи “Девона”, ки нахустин китоби мутолиакардаи ӯ аз осори Ҳошим Гадо буд, ёд овард.

Вай аз Ҳошим Гадо ба унвони як шахси танҳо ном бурд, «шахсе, ки ҷисман бо мост, аммо бо андешаҳои худ дар олами худаш танҳост».

“Шахси танҳо ҳамеша шахсе аст, ки ба дигарон монанд нест. Монанд набудан ин танҳоист. Аммо бо андешаи ҷомеа ва омма созгор набудани андешаҳои шахс бадбахтӣ нест, балки далели нотакрору ягона ва соҳиби андешаи худ будани шахс аст”, — таъкид намуд рӯзноманигор.

Хуршед Атовулло дар минбар

Asia-Plus


Дар идома, ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, муовини президенти Академияи миллии илмҳо низ ба сухан омада, аз бузургиву саҳми Ҳошим Гадо дар фарҳангу санъати тоҷик гуфтанду ӯро “аз нобиғагони миллати тоҷик” номиданд.

Аз ҷумла, муовини Президенти Академияи имлҳо гуфт, нақшаи ба узвияти Академияи миллии илмҳо пазируфтани Ҳошим Гадо тарҳрезӣ мешавад.

Дар охири маҳфил, худи Ҳошим Гадо суханронӣ кард. Ӯ аз ташкили ин чорабинӣ миннатдорӣ карда, хотираҳои худро аз филмбардориву сафарҳояш  қисса намуд.

Ҳамчунин, мазмуни мухтасари баъзе асарҳояшро нақл карда, аз чоп нашудани онҳо дар мутбуоти даврӣ ва набудани таваҷҷуҳ аз ҷониби аксари хонандаҳо, ҳатто зиёиён шиква кард.

Ҳошим Гадо ҳунарпешаи маъруфи тоҷик буда, бо иҷрои нақшҳои барҷаста дар театру синамо номи худро дар таърих сабт намудааст. Нақши Сӯҳроб дар филми “Рустам ва Сӯҳроб” ва шоҳ Эдип дар намоишномаи “Эпит” аз нақшҳои дурахшони Ҳошим Гадо буда, дар хотираи на танҳо тоҷикистониҳо, инчунин паҳнои собиқ Шӯравӣ нақш бастааст. 

Ӯ аз камтарин Ҳунарпешаҳои халқии Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Соли 2017 унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистонро соҳиб шуд. 

Ҳошим Гадо 10-уми майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб зода шуда, дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (1960) ва курсҳои олии коргардонии ин муассиса мебошад.

Аз соли 1961 то кунун ҳунарпеша ва коргардони Театри академи-драмавии Лоҳутӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *