Рубрики Хабарҳо

Дар Хуҷанд назорати риояи меъёрҳои санитарӣ сахттар мешавад

Дар Хуҷанд акнун бидуни огоҳӣ метавонанд марказҳои савдоро, ки тавсияҳои санитарӣ-гигениро дар мубориза бо коронавирус риоя намекунанд, банданд.

Бино ба дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар тўйи хонадоршавӣ шаҳрвандони дар он иштирокдошта бояд аз тести муайяннамоии коронавирус гузаранд.

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳодисаҳои шиддати зиёди мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар кишварҳои ҳамсоя ҷалб намуд.

Масъулин таассуф мехуранд, ки бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботӣ, гигиенияи ҷамъиятӣ риоя намешавад, мардум бениқоб дар ҷойхои ҷамъиятӣ ҳузур доранд. То ҳол оқибатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус «Covid-19»-ро дуруст дарк накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмии омории Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар як шабонарӯз тайи даҳ рӯзи охири зикршуда тағйир наёфтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *