Эътилофи опозисиюн мавсум ба «Умеди халқ» ба раҳбарии Маҳотир Муҳаммад дар интихоботи маҷлиси Малайзия пирӯз шуд.
Шӯрои интихобот Малайзия эълом кард, ки эътилофи мухолифин — «Умеди халқ» ба раҳбарии Маҳотир Муҳаммад бо касб 122 курсии парлумони ин кишвар ҳадди нисоби лозим (50 дарсад +1) барои ташкили давлатро касб кард.
Маҳотир Муҳаммади 92 сола аз соли 1981 то соли 2003 сарвазири ин кишвар буд ва ӯро “падари мӯъҷизаи иҷтисодии Малайзия” меноманд. Ӯ бо пирӯзиаш дар ин интихобот, куҳансолтарин раҳбари интихобшуда дар ҷаҳон гардид.
Муҳотир Муҳаммад, ки ба ҳизби мухолифи ҳукумати феълии Малайзия пайваста буд, пас аз пирузии мухолифон эълон кардааст, ки ҳарчи зудтар бояд давлати ҷадид ташкил карда шавад.
Доктор Муҳотир Муҳаммади 92 сола, ки Малайзия дар замони нахуствазирии ӯ ба як кишвари пешрафта табдил ёфта буд, дар байни мардуми кишвараш аз маҳбубияти зиёде бархурдор аст. Наҷиб Раззоқ нахуствазири феълии ин кишвар ҳам, ки дар гузашта дар давлати Муҳотир Муҳаммад кор кардааст, шикастро пазируфтааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба онки ягон ҳизб дар ин кишвар аксарияти қотеъро ба даст наовардааст, таъкид кардааст, ки подшоҳи ин кишвар бояд шахсеро барои ташкили давлати ҷадид мушаххас кунад.
Наҷиб Раззоқ ва давлати ӯ дар ин авохир муттаҳам ба фасоди молӣ шудаанд. Муҳотир Муҳаммад дар чанд соли пеш гуфта буд аз сиёсат канорагирӣ мекунад ва дигар ба он намепардозад. Аммо дар ин интихобот раҳбарии мухолифонро дар даст гирифт ва шогирди собиқи худро шикаст дод.
Ӯ дар суханронии худ таъкид кардааст, ки “дар паи интиқом гирифтан нест ва танҳо мехоҳад ҳукумати қонун ба Малайзия баргардад”.
Ҳизб эътилофи Ҷабҳаи миллӣ ба раёсати Наҷиб Абдураззоқ, нахуствазири кунунии Малайзия, ки дар интихоботи 2013 тавониста буд 133 курсӣ касб кунад, дар ин интихобот тавонист танҳо 79 курсӣ аз 222 курсии парлумонро ба даст овард.
Наҷиб Абдурразоқ дар пайи эъломи натоиҷ изҳор дошт: ман ва дӯстонам тасмими мардумро мепазирем, ҳанӯз ҳеҷ ҳизбе бартарӣ надорад. Султон Муҳаммад нахуст вазирро таъйин хоҳад кард.
Ҳизби мустақили «Пос» ба раҳбарии Абдуллоҳод Ованг 18 курсиро ба худ ихтисос дод.
Малайзия ҳудуди 32 миллион нафар ҷамъият дорад. Парлумони Малайзия 222 намоянда дошта, ҳар панҷ сол як бор интихоботи саросарӣ дар ин кишвар баргузор мешавад.