Рубрики Хабарҳо

КШНГЗС аз СММ ва дигар созмонҳо хост ба доди зиндониёни тоҷик бирасанд

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо номаи саркушодае ба Комиссариати Олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони Афви байналмилал, Салиби Сурх, Институтҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон, Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон муроҷиат карда, бо изҳори нигаронӣ аз ҳолати вахими зиндониён, аз ҷомеаи байналмилалӣ дархости расидагӣ ба вазъияти имрӯзаи зиндониёни Тоҷикистон кард.

Дар нома гуфта шудааст, ки имрӯз бештари давлатҳои ҷаҳон ба хотири пандемияи COVID-19 дари зиндонҳои худро кушода, зиндониёнро муваққатан ба озодӣ мебароранд, то дар ин вазъият тавонанд, ки аз кӯмак ва дастгирии хонаводаашон баҳраманд гарданд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон, ки на инсон ва на ҳуқуқу озодии ӯ қимат дорад, дар зиндонҳо вазъият мутташаниҷ аст. Тибқи омори расмӣ то имрӯз 2 нафар, ва бино бар маълумоти мо 9 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд. Фақат дар зиндони рақами 1 Душанбе, беш аз 200 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки вазъи ҳадиақал 50 нафарашон вазнин аст.

Дар зиндони ЯС 3/5-и шаҳри Хуҷанд низ коронавирус шуюъ пайдо кардааст. Масъулони ин зиндон бо мубталоёни COVID-19 рафтори ғайриинсонӣ карда, онҳоро дар як таҳхонаи наму торик ҷо кардаанд ва аз ҳолашон хабар намегиранд.

Зимни нома Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз ҳамаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дархост кардааст, ки бо фишор ба ҳукумати Тоҷикистон, аввалан водораш намоянд, то кӯмакҳои зарурӣ ва мавриди ниёзро ба маҳбусоне, ки ба ин вирус мубтало ҳастанд бирасонад, ҳамчунин мисли дигар кишварҳо маҳбусони синнашон аз 50 болоро, махсусан афроде, ки ба анҷоми ҷиноятҳои вазнин айбдор нестанд, озод кунанд. Ва сониян, ба Созмони байналмилалии Салиби Сурх иҷозат диҳад, то аз наздик бо вазъи зиндонҳои Тоҷикистон ва зиндониён ошно шуда тавсияҳои заруриро дар мавриди беҳтар намудани вазъи зиндониён амалӣ созад ва иқдомҳои лозимро бардоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, раёсати зиндонҳои Тоҷикистон эълом кард, ки вазъияти беҳдоштӣ дар маҳбасҳои кишвар таҳти контрол аст ва  тамоми таҷҳизоти пизишкиву дору ба миқдори кофӣ мавҷуд аст.

Сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: Ба масъулони зиндон дастур дода шудааст, ки авзои саломатӣ ва беҳдошти зиндониёнро ҷиддӣ бигиранд.

Ба гуфти Умаров бо вуҷуди он ки аз 31 март ҳамаи боздидҳо ва намоишҳо дар зиндон мамнуъ шудааст, хешу табор аз тариқи тамоси телефонӣ бо вазъияти беҳдоштии зиндониён ошно мешаванд. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *