Рубрики Хабарҳо

Маҳбусони ташнаи дидор

Маҳбусон дар Тоҷикистон аллакай панҷ моҳ инҷониб бо наздиконашон вохӯрда наметавонанд.

Ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус дар ҳама зиндонҳои Тоҷикистон дидорбинӣ бо маҳбусон манъ шуда, алҳол маълум нест, ки кай иҷоза мешавад.

Хабаргузории Азияплюс дар гуфтоварди манбааш дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон навишт, “кай иҷоза шудани дидорбинӣ ҳоло маълум нест. Таври маълум дар ҷумҳурӣ то ҳол ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта мешавад. Мефаҳмем, ки ин барои хешовандону наздикони маҳбусон, ки ҳамдигарро чор моҳ надидаанд, хеле душвор аст, лекин ҳаёти зиндониёнро зери хатар гузошта наметавонем. Алҳол мушаххасан маълум нест, ки дидорбинии маҳбусон бо хешовандону наздиконашон кай имконпазир мешавад”.

Модари яке аз маҳбусон аз ВМКБ писари худро наздики 8 моҳ боз надида, иҷозаи вохӯриро интизор аст ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки “Ҳарчанд бо писараш тариқи телефон гап занад ҳам, лекин назди худ бо чашмон дидану суҳбат кардан дигар аст. Ин модари маҳбус умедворӣ кардааст, ки сироятёбӣ аз беморӣ ба наздикӣ паси сар шуда, боз бо писараш вомехӯрад”.

Дар Тоҷикистон аз охири моҳи март то ин дам 11 маҳбус ва 3 корманди муассисаи ислоҳӣ аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Синни фавтидагон аз 50 то 70-соларо ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз сироят тадбирҳои махсус таҳия шудааст, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ аз 31 март мавриди амал қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *