Шаби гузашта боз даҳҳо ҳазор сокинони Беларус, бахусус пойтахти он шаҳри Минск ба кӯчаҳо рехтанд. Гурӯҳи махсуси пулис алайҳи эътирозгарон норинҷакҳои садоӣ ва гози ашковар истифода кард. Дар посух эътирозгарон аз “коктейли Молотов” кор гирифтанд.
Соати 23 дар натиҷаи таркиш нафаре аз эътирозгарон кушта шуд. ВКД Беларус мегӯяд ӯ аз таркиши бомби дастие, ки мехост ба сӯи пулис партоб кунад ҷон бохтааст, аммо шабакаи телегромии “Беларус головного мозга”, ки ҷараёни эътирозотро пайгирӣ мекунад, менависад, ки ин мард шояд аз таркиши норинҷаки садоӣ дар зери пояш фавтидааст.
Расонаҳо ҳамчунин аз ҳамлаи як эътирозгар ба гурӯҳи махсуси пулис бо автомобил хабар медиҳанд. Дар навори нашркардаи Nexta.Live дида мешавад, ки пулис ба самти як мошини ҳаракаткунанда норинҷакҳои садоӣ меандозад ва дар посух ронанда мошинро ба болои онҳо меронад. Чанд нафар аз ин ҳамла осеб диданд, маълум нест.
Шабакаи телегромии “Беларус головного мозга” муроҷиъатеро ба низомиён нашр кардааст, ки дар он аз пулис ва низомиён даъват мешавад ба ҷониби мардум гузаранд. “Мо на террористем на ҷинояткор, мо мардуми Беларус ҳастем. Лукашенко ҳамаи моро фиреб кард. Ба ҷои ҳимоят аз диктатор, аз мардуми худ ҳимоят кунед”, гуфта мешавад дар муроҷиъатнома.
Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки мухолифати мардум бо Лукашенко дар Беларус шиддат хоҳад гирифт.
Аз ҷумла Парвиз Муллоҷонов, корҳиноси тоҷик навиштааст, ки истифодаи нерӯ аз тарафи ҳукумат мардумро мунчаҷимтар карда ба ташкили ситодҳои умумиоппозитсионӣ мерасонад ва тамоми нерӯҳои эътирозгарро зери як ситоди умумӣ ҷамъ месозад.