Рубрики Хабарҳо

Афзоиши шумори қурбониёни таркиши Бейрут

Ҳамд Ҳасан, вазири беҳдошти “давлат пешбурди умур”-и Лубнон дирӯз сешанбе тайи нишасти хабарӣ эълом кард: бо шиносоии бархе аз куштаҳои инфиҷори бандари Бейрут омори куштаҳо то кунун ба 171 нафар афзоиш ёфтааст. 

Вай афзуд: дар пайи ин инфиҷор ҳанӯз 30 то 40 нафар нопадид ҳастанд. 

Вазорати беҳдошти Лубнон пештар эълом карда буд, ки 158 нафар дар ин инфиҷор ҷон бохта ва беш аз 6 ҳазор нафар дигар захмӣ шудаанд. 

Гуфтанист чаҳоруми августи ҷорӣ инфиҷори муҳибе дар бандари Бейрут рух дода ва мунҷар ба марги даҳҳо нафар ва захмӣ шудани ҳазорон нафари дигар шуд. 

Дар ин ҳодиса ба сохтмонҳои атрофи ин бандар аз ҷумла ниҳодҳои дипломатик, хонаи Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи ин кишвар, мақари нахуствазирии Лубнон ва масҷиди Муҳаммад Амин хисороти сангине ворид шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *