11 июл бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавӣ ифтитоҳ ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи минтақавӣ бо ҳадафи амалисозии сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат барои беҳсозии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст ва имкон дорад, ки ба 25 ҳазор аҳолии деҳоти Лоиқ Шералӣ, 4 деҳоти гирду атроф, сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ низ хизмат расонад.
Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, шуъбаҳои бемориҳои амрозӣ дарунӣ, ҷарроҳӣ, асабшиносӣ, таваллудхона, касалиҳои кӯдакона, озмоишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ташхисию табобатии он бо 100 кати хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин мебошад.
Ҳамчунин, пас аз шиносоӣ бо шароити беморхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, тариқи маҷозӣ 5 иншооти нави тандурустиро ифтитоҳ намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube