Рубрики Хабарҳо

Марги гурӯҳе аз сиёсатмадорону фаъолон ба нафъи ҳукумат буд

Равшан аст, ки баъзе доруҳо ва маводи шимиёӣ метавонанд дар бадани инсон дараҷаҳои гуногуни саратон, сактаҳои мағзиву қалбӣ ва дигар бемориҳоро барангезанд, ки бо гузашти муддате сабаби марги ӯ гарданд. Дар дунё таҷрибаи бойи истифодаи чунин мавод ба хотири бидуни сарусадо бартараф кардани афроди “нолозим” вуҷуд дорад, бахусус дар режимҳои сиёсии ғайридемократӣ ва истибдодӣ барои аз байн бурдани мухолифони қавӣ истифода мешавад.  

Баъди имзои Созишномаи сулҳ ва мусолаҳаи миллӣ дар Тоҷиксистон дар соли 1997 ва идғоми Иттиҳоди оппозитсияи тоҷик (ИОТ) дар мақомоти кишвар, як раванди фоҷиавие мушоҳида мешавад: яке паси дигар фаъолони маъруфи сиёсие, ки буданашон ба нафъи раҳбарияти кишвар нест, мемиранд.

Дар солҳои мухталиф сиёсатмадорон ва фаъолони маъруф аз бемориҳои машкуке ҷон ба ҳақ таслим карданд: роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, сафири Тоҷикистон дар Озарбайҷон Зокир Вазиров, вакили парлумон, олим ва сиёсатмадори маъруф Сӯҳроб Шарифов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, муовини фармондеҳи нерӯҳои заминии Вазорати дифоъи ҶТ Зайниддин Ризвонов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаббатшо Рӯзадоров, раҳбари Ҳизби комунист Исмоил Талбаков, раҳбари Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қувватов, вакили маъруфи дифоъ Файзинисо Воҳидова ва нафарони зиёди дигар.

Давоми ним соли охир дар ду зиндони кишвар мақомот гурӯҳи бузурги зиндониёни беҳимояро тирборон карданд. Чунин қатли бераҳмонаву ошкори инсонҳо, бахусус зиндониҳо дар ҷаҳон собиқаи каме дорад.  

Ин танҳо қисмате аз мисолҳои қатли сиёсатмадорони ватандӯст дар чанд соли охир аз тарафи режими Раҳмон буд. Овардани номҳои ҳамаи онҳо дар як мақола имкон надорад ва бо ҳамин қадар иктифо мекунем.

Далелҳои овардашуда таҳқиқи амиқтар ва мустақилеро бо ҷалби беҳтарин мутахассисони криминалист тақозо мекунад, зеро хадамоти махсус метавонанд минбаъд ҳам аз усулҳои гуногуни нобудсозии мухолифони ҳукумат, бахусу онҳое, ки бо роҳҳои сиёсӣ аз саҳна хориҷ карданашон имкон надорад, кор гиранд. Ҳар марги машкук, ки минбаъд рух медиҳад, бояд ҳамон замон амиқан аз тарафи ташхисгарони мустақил таҳқиқ шавад.

Режими сиёсие, ки мухолифони худро бо кӯмаки доруҳо, маводҳои шимиёӣ, изотопҳо нобуд месозад ва ҳамеша алайҳи афроди барояш нописанд аз хушунат кор мегирад, ҳақи будан сари қудратро надорад.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *