Рубрики Хабарҳо

Суқути имперотурии Зорро наздик шудааст?

Иззатулло Шарифзода сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, маъруф ба Зорро мумкин аст на танҳо таъсир ва вазифаашро аз аст диҳад, балки барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардад. Додситонии кулл алайҳи ин “имперотури зиндонҳо” парванди ҷиноӣ боз кардааст.

Тибқи иттилоъи ду манбаъи Паём, Зорро дар чанд рӯзи охир бадтарин рӯзҳои зиндагиаш то имрӯзро ба сар мебарад. Вале ба зудӣ имкон дорад ин рӯзҳо барояш ғанимат шуморида шавад.

Яке аз таъсиргузортарин афрод дар Тоҷикистон, ки гуфта мешуд бидуни номнависии қаблӣ метавонист ба назди расиҷумҳур ворид шавад, аз “меҳрубонии” ӯ маҳрум шудааст ва баъди ҳаводиси зиндони Хуҷанд иҷозати даромадан ба назди Эмомалӣ Раҳмонро аз даст додааст.

Манобеъ мегӯянд, қарор буд Шарифзода ҳамроҳ бо Файзуллоҷон Сафаров, раҳбари зиндони рақами 3-и Хуҷанд боздошт шавад, вале қарор доштанаш зери ҳимояи Озода ва Таҳмина Эмомалӣ — ду духтари раисҷумҳур ӯро то ҳол дар озодӣ нигоҳ доштааст.

Тибқи гуфтаи манбаъ, мошини хидматии Озода Раҳмон ва яке аз хонаҳои ӯро Иззатулло Шарифзода ҳадя кардааст ва ронандаи Озода ҳам нафари наздик ба Зорро мебошад. Ҳамчунин Шарифзода таъмини чанд хароҷоти Озода Раҳмонро ба дӯш дорад. Вале ҳатто миёнаравии Озода, ки раиси дастгоҳи раисҷумҳур ҳам ҳаст, ба Шарифзода кӯмак накардааст, то назди Эмомалӣ Раҳмон ворид шавад.

Манбаъи дигар гуфт, Таҳминаи Эмомалӣ ҳам аз Иззатулло Шарифзода ба ивази тӯҳфаҳои зиёди ӯ ҳимоят мекунад.

Фишори ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва кишварҳои демокративу созмонҳои байналмилал, ки дар ҳоли афзоиш аст, вазъи Зорроро бадтар кардаанд. Дар сурати бештар шудани ин фишорҳо ҳатто ҳимояи Озодаву Таҳмина наметавонанд ӯро аз зиндон наҷот диҳанд. Ё духтарони раисҷумҳур ба хотири ҳифзи обрӯи падарашон аз ҳимояти ӯ даст кашанд.

Тибқи асноди зиёди нашршуда, Шарифзода дар зиндонҳои Тоҷикистон як давлати ғуломдории ҷадид ташкил кардааст, ки на танҳо аз меҳнати тоқатфарсои маҳбусон ба нафъи чанд ширкати сохтмониву тиҷории худ истифода мекунад, балки аз хӯрок, либос, дидорбинӣ, саломатӣ ва ҳатто ҷони маҳбусон пул кор мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *