Волидони кӯдаконе, ки имсол ба синфи як мераванд, шикоят доранд, ки фақат барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ аз онҳо дар бемористонҳо 180 сомонӣ талаб мекунанд. Табибон гуфтаанд, ки пеш ин маълумотнома 10-15 сомонӣ нарх дошт, вале баъди ба дасти ширкати «Фароз”-и домоди президент Шамсулло Соҳибов гузаштани озмоишгоҳҳои тиббӣ нархаш ба осмон хест.
Ҳар сол ҳудуди 200 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон ба синфи як мераванд ва танҳо аз ҳисоби фурӯши маълумотномаи тиббии ин кӯдакон ширкати «Фароз” камаш 36 миллион сомонӣ (тақрибан сеюним миллион доллар) ҷамъ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки маълумотномаҳои тиббӣ бо муҳри «Фароз” дар рӯи мизи табибон аз пеш гузошта шудааст ва тақрибан ҳеҷ нафаре аз ин 200 ҳазор кӯдак аз ташхиси тиббӣ намегузарад, дар чанд рӯзи моҳи август аз ташхис гузарондани чунин шумораи одамон ҷисман имкон ҳам надорад. Ин кӯдакон ҳатто ба бемористон намеоянд, балки падару модарашон 180 сомонӣ «андоз”-и «Фароз”-ро супурда санадҳои аз пеш муҳрзадаро «мехаранд”-у халос…
То соли 2018, ки ин бозор ба дасти «Фароз” расид, нархи як маълумотнома 10-15 сомонӣ буд.
Сомонаи «Ахбор” менависад, як манбааш аз шаҳри Душанбе ба шарти бурда нашудани номаш гуфтааст: «Имсол фарзандам ба мактаб меравад, талаб карданд, ки ҳуҷҷатҳояшро омода намоем. Вақте барои маълумотномаи тиббӣ ба духтур рафтам, дидам, ки як маълумотнома 180 сомонӣ нарх дорад. Пурсидам, ки чаро чунин аст, охир соли вазнин аст, мардум маблағ надоранд… Вале табибон гуфтанд, ки ин ба мо вобаста нест, аз ширкати «Фароз” аст, замоне ки дар дасти мо буд ва соҳибихтиёр будем, ба 10-15 сомонӣ навишта медодем маълумотномаро. Вале ҳоло дигар ҳамааш ба Фароз вобастагӣ дорад, рафта ба онҳо шикоят кунед, мо ҳам инсонем, вазъияти мардумро хуб дарк мекунем, вале ҳеҷ чораи дигаре надорем…”
Ин дар ҳолест, ки вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода зимни мулоқот бо роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе талаб карда буд: «Ба ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳои таълимӣ бояд хотима бахшид. Муассисаи таълимӣ ҷойи таълиму тарбия аст!”.