Миллат-мафҳуме, ки аз он бештар аз пештар сӯиистифода мекунанд.
Миллат мафҳуме, ки ҳар гурӯҳу шахсу авлоду ҳизбу сиёсатмадорону рӯшанфикрон лоиқи тафаккурашон маъниашро тангу хурду реза мекунанд. Дуруст, ба андозаи мағзи сарашон.
Ва дигарон гуё рабте ба миллат надоранд. Ҷудо аз миллат ҳастанд.
Миллат гурӯҳи хурди якест.
Миллат ҳизби дигарест.
Миллат ҳамандешони он аст.
Миллат ҳаммаҳаллони вай аст.
Миллат авлоди ӯст.
Миллат манфиати чанди дигарест.
Аммо ҳамон занҳое, ки дар ҷануби кишвар бозори «Мардикорзанон» ташкил намудаанд, ҷузъе аз миллатанд.
Занҳое ҳам, ки соати чаҳори субҳ кӯчаҳои шаҳрро тамиз мекунанд, аз ҳамин миллат ҳастанд.
Миллион муҳоҷироне, ки ҷабран хонаву дару зану фарзандонашонро гузошта нонковӣ мераванд, узви ҳамин миллат мебошанд. Зимнан, сутуни иқтисоди миллӣ ҳаминҳоянд.
Онҳое низ, ки дар роҳи миллат дарвоза нишонда аз роҳгузарон пул меситонанд, зодаву парвардаи ҳамин миллатанд.
Галстукдороне, ки бо туфлияшон болои унитаз мебароянд ва ҳоҷатхонаҳои рестуронҳои Душанберо расво мекунанд, ҳам аз ҳамин миллатанд.
Духтуроне, ки шахси солимро ба хотири пул ҷарроҳи менамоянд, устодоне, ки пораро ҳаром мешуморанд аммо брошюраи сесомониашонро 50-60 сомони ба донишҷӯён мефурушанд, на танҳо узв, балки муаллиму омӯзгори миллатанд.
Ҳамон ҷавонони муҳоҷире, ки дар Фурудгоҳи Домодедово барои навбат наистодану тӯда шуданашон махсус гузаргоҳи борик сохтаанд, фарзандони ҳамин миллатанд.
Оре, ҳамон муҳоҷирони ноогоҳе, ки ширкати «Сомон эйр» як муддат ҷавонеро масъул карда буд, ки назди ҳоҷатхонаи ҳавопаймо меистоду ҳар кадоми аз ҳоҷатхона баромадаро мегуфт, баргарду обро бикаш!
Даҳҳо нафар тоҷике, ки дар вокзалҳои Маскав «бомж» шудаанд, бачаҳои миллат ҳастанд.
Ҳазорон тоҷике, ки ба Амрикову Аврупо кӯчидаанд ва умедворанд, ки рӯзе вазъи кишварашон беҳтар мешаваду бармегарданд, аз шохсори ҳамин миллат мебошанд.
Садҳо нафаре, ки дар зиндагӣ роҳашонро гум кардаву Сурияву Ироқ «ҷиҳод» рафтанд, бахше аз миллатанд.
Мансабдороне, ки хазинаҳои миллатро ғорат карданд, тоҷироне, ки тиҷоратро инҳисор кардаанд ва гумон мекунанд, ки танҳо худашон миллатанд, аз қатраҳои ҳамин миллат ҳастанд.
Муаллимоне, ки бо маоши ночиз ба умеди фардои рӯшани миллат ба фарзандони мо дарс медиҳанд, баргҳои дарахти миллатанд.
Ва низ «олимон»-е, ки «Диссернет» корномаҳояшонро расонаӣ кард, резаҳои миллат мебошанд.
Мардуме, ки обро 400 сомони харида истеъмол мекунанд,мардуме, ки аз «недоедание» гирифтори сил мешаванд, гурӯҳе аз миллатанд.
Тоҷироне, ки аз андози баланд ва аз тарси аз даст додани дороиҳояшон сармояҳояшонро ба кишварҳои амн будаанд, ҷузъе аз миллат ҳастанд.
…Ва судяву милисаву прокурору корманди андозу гумруку «коррупсия», ки эътимоди мардумро аз даст додаанд, қисмате аз миллат мебошанд.
Садҳо нафаре, ки аз назари сиёсӣ гуреза шудаанд, фарзандони ҳамин миллатанд.
Занҳои боҳиҷобу беҳиҷоб, мардони ришдору галстукдор ҳама аҳли миллатанд. Диндору бедин, комунисту демократ… ҳам.
…
Ва касе, ки инро эътироф намекунад, аз манофеъи миллат гуфтанаш дурӯғ аст.
Касе, ки миллат мегӯяд, вале ин ҳамаро пеши назар намеорад, миллатро нашинохтааст.
Касе, ки миллат гуфта деҳааш, ё ноҳияаш ё гурӯҳашро пеши назар меорад, миллатро шарманда месозад.
То замоне, ки миллатро фаротар аз доираи танги тафаккуратон тасаввур накунед, ин миллат шукуфоиро намебинад.
Миллат яъне ҳама. Манфиатҳо, имтиёзҳо, дороиҳо, имкониятҳо боястӣ барои ҳамаи афрод бошад. Қонун бояд ҳамаро фаро гирад.
Азиз Нақибзод (Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф)