Рубрики Хабарҳо

Ватанфурӯшӣ чист?

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки бо пешниҳоди як сарҳанги хадамоти махсуси кишвари бегона, раёсати кишваратро бипазирӣ ва манофеъи онро ба савдо гузорӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки раисҷумҳури кишвари дигарро “отамиз” ё падарамон бихонӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки барои расидан ба қудрат якбора се хоҷаи хориҷӣ бигирӣ ва аз ҳарсеи онҳо итоат кунӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки бо силоҳ ва артиши кишвари бегона ба пойтахти кишвари худат ҳамла кунӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки шаҳрванди кишвари дигарро биёварӣ ва вазири дифоъи кишвари худат таъин кунӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки чанд минтақаи кишваратро душман эълон кунӣ ва болояшон ҳамла кунӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки бо ваъдаи як давраи раёсат сари қудрат оиву сипас онро барои як умр ба гуфти худат “сварка” кунӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки вақте интихоб байни мондан сари қудрат ва фурӯхтани манофеъи кишварат пеш омад, ҳамеша фурӯхтанро интихоб кунӣ; 

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки бо мухолифонат сулҳ куниву сипас сад бор ба ин сулҳ хиёнат намоӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ҳамаи нухбагони кишваратро аз тарси танг кардани мавқеъат бикушӣ ё ба зиндон бифристӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки аз мардум барои сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ пул ҷамъ куниву бо ин пул ба додарарӯсат тайёраҳо бихарӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ҳамаи ширкату корхонаҳои бузурги ватаниатро ба моли шахсии хонаводаат табдил диҳӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки барои рушди бизнеси хонаводаат ширкати миллии ҳавопаймоиро муфлису қарздор намоӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ватанат, ки ту дар раёсаташ ҳастӣ, дар радабандиҳои ҷаҳонӣ ҳамеша дар бадтарин даҳгонаҳо бошад;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки қисме аз хоки ватанатро ба кишвари ҳамсоя бидиҳиву боз онро пирӯзии дипломатӣ номӣ; 

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки тамоми маҳсулоти истеъмолии стратегӣ аз хориҷ ворид карда шаванд ва ватанат ҳатто дар истеҳсоли нон аз хориҷ вобаста бошад;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки дар 30 соли ҳукмрониат кишварат қодир ба истеҳсоли дучарха ва ҳатто қоғази ташноб нашавад;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки он қадар манофеъи ватанатро фурӯшӣ, ки 80 дарсади мардони кишварат дар дар ватанашон ҷои кор пайдо накунанду муҳоҷир шаванд;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки замини кишваратро барои артиши бегона бепул вогузор кунӣ ва барои афсарону сарбозони он кишвар мақоми дипломатӣ диҳӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст мақомоти қазоиро ҳоле бирасонӣ, ки дар як сол як ҳукми сафед содир накунанд;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки барои пешвози миллатгароёне, ки ҳамеша миллататро таҳқир мекунанд дӯшизагонро  нимурён ва бо нону намак қоим кунӣ; 

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки дар ҳоле, ки барои раияти худат ҷои кор нест ҳазорҳо иҷозаи корӣ ба шаҳрвандони кишвари хоҷаат содир намоӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки бо шаҳрвнадони худат дар як корхона кор мекунанд, 5 баробар бештар моҳона гиранд;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки тамоми конҳои кишваратро дар ихтиёри кишвари дигар қарор диҳӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки сохтмони бинои ҳукумат ва парлумонро ба кишвари дигар вогузорӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки тамоми ширкатҳои мутааллиқ ба фарзандону домодҳоятро аз пардозти боҷу андоз озод намоӣ, аммо пур кардани буҷаи холишуда андози соҳибкорони дигарро боло бариву ҳар моҳ ҷарима бандӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ба фарзандону домодҳову набераҳову қудову андаат иҷоза диҳӣ ҳар қадар ва ҳар касеро хостанд ғорат кунанду бизнесашро ғасб намоянд;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки биноҳои таърихии ватанатро ба хотири бизнеси хонаводаат тахриб кунӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки кишвари кӯчаку заифи ҳамсоя ҳар рӯз чанд метр замини кишвари зери идораатро ғасб кунад ва қисмате аз хокатро бо 50 000 аҳолиаш ба анклав табдил диҳад, аммо ту ба хотири бизнеси домодат ҳамеша гузашт кунӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ҷои ба вазифаҳову мансабҳо таъин кардани афроди мутахассис ва масъулиятшинос, мансаб вазифаҳоро ба савдо гузорӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки муаллими мактаб нони хӯрдан наёбад, аммо ту 2 дарсади буҷаи кишварро ба худат ихтисос дода, ҳар сол 500 миллион сомониро ба киса занӣ, дар ҳоле, ки моҳонаи муаллим 500 сомонӣ аст. Яъне музди солонаи 80 000 муаллимро бидуздӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ҳамаи мутахассисон кишваратро тарк кунанд, шаҳрҳову деҳаҳо бе табибу муаллим монанд, аммо ту чорае наандешӣ ва ҳамеша лофи пешрафт занӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ҳар рӯз аз дасти фурӯхтанҳову ғоратҳову хиёнатҳои ту беш аз 400 шаҳрванди кишварат шаҳрвандии кишвари дигарро бипазирад;

Ватанфурӯшӣ ин аст артиши кишваратро ба ҳоле расонӣ, ки ҳеҷ ҷавоне нахоҳад дар он хидмат кунад ва аз ватанаш ҳимоя намояд; 

Ватанфурӯшӣ ин аст, маорифро ба ҳоле расонӣ, ки ҳар сол шумори довталабони вуруд ба донишгоҳҳо 20 000 камтар аз соли қабл бошад;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки интиқод аз туву хонаводаат хиёнат ба ватан талаққӣ шавад;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ба ҳеҷ нафаре ҷуз худат унвони Қаҳрамони Тоҷикистон надиҳӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст онҳое, ки барои истиқлоли ин ватан мубориза бурдаву ҷон додаанд хоинони ватан номида шаванду туи хоин, ки бо артиши бегона ба пойтахти кишварат тохтӣ, қаҳрамон бошӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки шаҳрвандони кишвари худатро дар ҷаҳон фурӯшандаи маводи мухаддир, террорист ва Равшану Ҷамшуд муаррифӣ кунӣ;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ба пешвози мардони хориҷӣ дӯшизагони кишваратро нимаурён берун оварӣ:

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ҳеҷ гоҳ, дар ҳеҷ кишваре аз ҳеҷ шаҳрвандат дифоъ накунӣ ва шаҳрвандонат беҳуқуқтарин мардум дар ҷаҳон бошанд;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ҷои афроди фарҳехтаву озода дар кишвари зери идораат танҳо зиндон бошад;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки тамоми кӯшишатро ба харҷ диҳӣ, то мардуми як минтақаи кишварат дар ҷашми минтақаҳои дигар ҷинояткору террорист муаррифӣ шаванд ва байнашон душманӣ падид ояд;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки ҳатто вақти низоъ ба кишвари ҳамсоя рӯзноманигорон ҳақи гуфтани воқеъиятро надошта бошанд;

Ватанфурӯшӣ ин аст, ки хориҷиҳо дар кишвари ту аз раиятат ҳуқуқи бештар дошта бошанд…

Ҳар қадар ватанфурӯшӣ таъриф карда шавад ва ҳар қадар ҷанбаҳои ватанфурӯшӣ ифшо гардад, он сад дар сад танҳо ба як нафар таъаллуқ мегирад: бузургтарину аслитарин ватанфурӯш раёсати ин ватанро бар ӯҳда дорад ва худро молики комили ин ватан медонад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *