Рубрики Хабарҳо

Раҳмон ба сохтмони “мактаби президентӣ”, ки аз ҷониби соҳибкорон бунёд мешавад санги асос гузошт

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафараш ба Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз шурӯъ кард. Ӯ бо гузоштани санги асос ба сохтмони мактаби президентӣ дар ин деҳа оғоз бахшид.

Ин мактаб аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад, аммо ба гуфтаи агентии давлатии “Ховар” дар партави дастуру ҳидоятҳои “пешвои миллат”. 

Бинои мактаби президентӣ, ки тибқи иттилоъи манбаъ дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. 

Лоиҳаи мактаби президентӣ дар ноҳияи Дарвоз инчунин бинои хобгоҳ барои 240 кат ва ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Ҳамчунин барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ сохта мешавад. 

Гуфта мешавад раисҷумҳур ҳамчунин ба сохтмони як канали об дар ноҳияи санги асос гузошта, бинои нави додгоҳи ин ноҳияро ҳам ба истифода додааст. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём бинои додгоҳ низ бо “кӯмак”-и соҳибкорони маҳаллӣ, бахусус онҳое, ки корашон ба додгоҳ фаромадааст, бунёд гардидааст.

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон аз навоҳии дигари ВМКБ низ боздид кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *