Муовини раиси ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Варзоб, узви фаъоли ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон бо ҷурми заминфурӯшӣ боздошт шуд.
Нозимов Шамсулло Нурулоевич бо суистифода аз мансаб аз як шаҳрванд барои ҷудо кардани қитъаи замин 50 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Шамсулло Нозимов аз маблағи зикршуда 20 ҳазор сомонӣ гирифта, баъдан талаб кардааст, ки 30 ҳазор сомонии боқимондаро заминхар дастрас кунад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Нозимов ҳангоми гирифтани аз 30 ҳазор сомонӣ, дарҳол аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бо коррупсия дастгир карда мешавад.
Нисбати Шамсулло Нозимов бар асоси моддаи 247 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди тафтиши зарурӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.