Рубрики Хабарҳо

Ҳушдори Кабирӣ ба фаъолон дар Русия

Террористӣ эъон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Русия метавонад ҳазорҳо тоҷики фаъол ва худшиносро новобаста аз муносибаташон ба ин ҳизб ба хатари таъқиб ва боздошт мувоҷеҳ кунад. Дар ин бора раиси ҲНИТ ва раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҳушдор дод.

Дар як гуфтугӯи онлайнии мустақим бо мардум, ки ба мурофиъаи Додгоҳи олии Русия дар масъалаи террористӣ эълон кардани ҲНИТ ихтисос дода шуда буд, Кабирӣ гуфт дар сурати қабул шудани ин қарор фаъолон, чӣ маданӣ ва чӣ иқтисодӣ, озодандешон ва мухолифони режими Раҳмон бояд худро ба кишвари амнтаре бирасонанд.

Ӯ гуфт ин қарор барои мақомоти фасодзадаи Русиву Тоҷикистон дастаке барои фишор болои озодандешон, фаъолон ва ҳатто соҳибкорони муваффақ пахши охирин садои мухолифат ва ҳамчунин бо ҳадафи ба даст овардани ришва хоҳад дод. 

Раиси ҲНИТ тасреҳ кард новобаста аз нигоҳ ва муносибати тоҷикони муқими Русия ба ин ҳизб, мақомоти ду кишвар бо баҳонаҳои сохта, ки гӯё узв ё тарафдори Наҳзати исломӣ ҳастанд, онҳоро таҳти таъқиб қарор хоҳанд дод. Бахусус мақомоти Тоҷикистон метавонанд ҳар касеро дилашон хост ба узвият дар ҲНИТ муттаҳам кунанд ва аз русия дархости истирдодашро намоянд.

Ӯ хотиррасон кард, ки “баъди террористӣ эълон шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон низ мо аз ҳама фаъолон даъват карда будем билофосила Тоҷикистонро тарк кунанд, аммо онҳо бо ин иддиъо, ки мо ҷинояте содир накардаем, дар кишвар боқӣ монданд ва аксарашон боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштанд”. 

Раҳбари мухолифини тоҷик таъкид кард, ки барои мақомоти кишвар танҳо фаъол, ҳатто иҷтимоӣ ва озодандеш будан кифоя аст ва онҳо барои боздошти тараф баҳона пайдо хоҳанд кард. Ва боздошти рӯзноманигорону блогерони маъруф Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқиддин Саидаминиро мисол зад, ки камтарин иртиботе бо мухолифин дар хориҷ надоштанд, аммо ҳамаашонро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо онҳо боздошт ва зиндонӣ намуданд.

Кабирӣ сабаби навиштани номаи саркушода ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ҳам шарҳ дод ва гуфт онро асосан ба хотири доштани баҳона дар таърих нигоштааст ва умеди камтаре ба тағйир ёфтани назари мақомоти Русия дорад.

Гуфтанист, дирӯз Муҳиддин Кабирӣ бо навиштани номаи саркушода ба Владимир Путин аз ӯ даъват кард ба террористӣ хонда шинохта шудани ҲНИТ дар Русия иҷоза надиҳад ва “ҳизби мухолифи тоҷикеро, ки умдатан бетараф ва ҳатто дӯст аст” душман эълон накунад.

Ӯ ин тасмимро аҷулона номида, гуфт “дар сурати қабул гардидани ин қарор, даҳҳо ва садҳо ҳазор тарафдорон ва собиқ аъзоёни ҳизб ва шаҳрвандони оддии Тоҷикистон бори дигар қурбонии таъқибҳо ва фишорҳои сиёсиву равонӣ дар Тоҷикистон ва Русия мегарданд”.    

Раҳбари мухолифини тоҷик сиёсатеро, ки вақтҳои охир Русия дар Тоҷикистон пеш гирифтааст маҳкум ба шикаст номида навиштааст “солҳои охир шарикони русиягии Раҳмон барои розӣ кардани ӯ қадам ба қадам дастовардҳои сиёсиеро, ки Русия дар сад соли охир бо дипломатия, қувваи нарм ва фарҳанг ба онҳо ноил шуда буд, аз даст доданд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *