Кормандони ҳайати техникии Муассисаи Давлатии Маркази Тандурустии »Истиқлол» Тоҷикистон бо ирсоли номае талаб намудаанд, ки иловапулии ваъда додаи Эмомалӣ Раҳмон пардохт шавад.
Дар ин нома, ки матнаш дирӯз расонаӣ шуд, гуфта шудааст ки кормандони ҳайати техникии Маркази Тандурустии ИСТИҚЛОЛ» дар вақти карантин дар беморхона кору фаъолият дошта, аксарияташон дучори касали COVID-19 шудаанд.
Аммо, амри раисҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 (N1378), ки мебоист дар муддати се моҳ иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнатии кормандони соҳаи тиб пардохт мешуд, иҷро нашудааст.
Кормандон гуфтаанд, «ба мо ҳамагӣ 390 сомонӣ барои моҳи май иловапулӣ пардохт намудаанду тамом, ҳол он ки маоши вазифавии мо 575 сомониро ташкил медиҳад».
Дар номаи шикоятии кормандони маркази тандурустии Истиқлол омадааст, зимни мурочиаташон ба роҳбарияти муассиса, ки чаро иловапулии думоҳаи моро пардохт намекунед?, роҳбарият гуфтааст, иловапулӣ фақат барои духтурҳо аст, барои кормандони техникӣ нест ва 390 сомоние, ки моҳи май пардохт шуда буд, он ҳам хато шудааст.
Бино бар ин кормандони Кормандони ҳайати техникии Муассисаи Давлатии Маркази Тандурустии »ИСТИҚЛОЛ» аз Озода Раҳмон хоҳиш хоҳиш кардаанд, ки ба ин қазия расидагӣ намояд. Гуфта шудааст, ки муроҷиаташон ба ҳама макомоти зидахл бенатиҷа мондааст.