Рубрики Хабарҳо

Афзоиши мухолифат бо Нитонёҳу бар сари тарҳи илҳоқи заминҳои Фаластин

Нахуствазири Исроил таҳти фишори афзояндае қарор дорад. Мӯҳлати кӯтоҳе ба иҷроӣ шудани тарҳи ӯ барои илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба хоки Исроил боқӣ мондааст. Дар дохил ва хориҷ мухолифат бо ин тарҳ рӯ ба афзоиш аст. 

Барои Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазири Исроил, вақти зиёде барои ироа пружае, ки худ матраҳ карда, боқӣ намондааст. Нитонёҳу қарор аст тарҳи давлати Исроил барои илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба хок ин кишварро аввал июл эълом кунад. 

Нитонёҳу барои касби дубораи мақоми нахуствазирии Исроил пружаи илҳоқ бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба хоки ин кишварро ба унвони яке аз муҳимтарин мавзӯъоти муборизоти интихоботии худ матраҳ карда буд. 

Нитонёҳу дар даврони муборизоти интихоботӣ гуфта буд, ки дар сурати расидани дубора ба раҳбарии давлат, беш аз 130 шаҳрак дар Каронаи Бохтарӣ ва дараи рӯди Урдунро, ки Исроил аз соли 1967 таҳти ишғол худ даровардааст ба хоки ин кишвар илҳоқ мекунад. 

Бино бар ин тарҳ, аввалин иқдомот дар ин замина қарор аст аз аввал июли оғоз шавад, яъне дуруст дар таърихе, ки Олмон риёсати давраӣ дар Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ва Шӯрои амнияти созмони милалро ӯҳдадор мешавад. 

Бар хилофи чанд ҳафта пеш дар замоне, ки Нитонёҳу тарҳи нақшаеро ироа дод, ки ба тафсил нишон медод, ки чӣ манотиқе дар минтақаи Каронаи Бохтарии рӯди Урдун бояд ба хоки Исроил мулҳақ шаванд, дар ибтидои ҳафтаи ҷорӣ Нитонёҳу аз мавзеъгирии сареҳ дар бораи чандучуни тарҳ ақиб нишаст ва танҳо ба ин ба баёни ин мавзӯъ иктифо кард, ки «гуфтугӯ дар ин бора ба тарҳи илҳоқ осеб мерасонд». 

Бахусус бурузи мухолифати бештар аз сӯи Банӣ Ҳонтс, қоиммақоми нахуствазир ва раиси иттиҳоди «Обӣ ва сафед» ва низ Гоби Ишканозӣ, вазири хориҷа бо илҳоқи замиҳо ва шеваи иҷрои он, Нитонёҳуро дар иҷрои тарҳи худ бо мушкилоте мувоҷеҳ кардааст. Ў дар баробар таҳдид кардааст, ки давлати эътилофӣ бо иттиҳоди “Обӣ ва сафед”-ро барҳам хоҳад зад ва интихоботи ҷадиде барои парлумон баргузор хоҳад кард. 

Ин ихтилофот сабаб шуда, ки Амрико низ гуфтугӯ бо давлат  Исроилро муваққатан таълиқ кунад ва феълан ҳимоят аз тарҳи илҳоқро бо ҳарорати собиқ матраҳ накунад. 

Ба гузориши расонаҳои Исроилӣ, рӯзи гузашта, чаҳоршанбе 18 июн, Бенёмин Нитонёҳу ва Ёриу Луин, раиси маҷлис аз ҳизби Лекуд чаҳор пешниҳоди илҳоқро ба Банӣ Ҳонтс, вазири дифоъ ва Гоби Ишканозӣ, вазири хориҷаи ин кишвар ироа додаанд. Дар ин чанд тарҳ пешниҳодҳои мухталифе аз ҷумла илҳоқи тамоми заминҳое, ки дар шаҳракҳои исроилӣ бар рӯйӣ он сохта шудаанд ва ё бахшҳое аз ин заминҳое мадди назар қарор гирифтаанд. Дар ин гузоришҳо омада, ки сиёсатмадорони исроилӣ натавонистаанд дар бораи ҳеҷ як аз ин пешниҳодҳо ба тавофуқ бирасанд. 

Рӯзномаи “Ҳоаретс” низ аз мушкилоти бузурги дохилӣ ва хориҷии Нитонёҳу гузориш додааст. Аз қарор дар сатҳи дохилӣ теъдоде аз фармондеҳони пешини артиши Исроил мухолифати худро бо иҷрои тарҳи илҳоқ эълом кардаанд. 

Вокунишҳо дар Амрико ва Аврупо 

Тарҳи Нитонёҳу бо интиқодҳои шадиди байналмилалӣ ҳам мувоҷиҳ шудааст. Ба гузориши “Ҳоаретс” нигаронии Нитонёҳу аз адами пуштибонии Амрико аз ин тарҳ аст. Нахуствазири Исроил дар интизори вокуниши Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аст. 

Дар ҳоле, ки Кохи Сафед дар ҳафтаҳои гузашта аз пардохтан ба ин мавзӯъ худдорӣ кардааст, сиёсатмадорони демократи амрикоӣ назари равшан ва мухолифи худро бо тарҳи Нитонёҳу баён кардаанд. 

Пас аз он ки аксарияти сенаторҳои демократ дар ради ин тарҳ сухан гуфтанд, намояндагони демократ дар Кунгираи Амрико низ дар номае нисбат ба хатароти ношӣ аз бардоштани ҳар гоме дар ин ҷиҳат ҳушдор додаанд. 

Никелос Бурунз, мушовири Ҷо Бойден, номзади ҳизби демократ барои интихоботи риёсатҷумҳурии Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки илҳоқ «иштибоҳи сахт аст ва мумкин аст ба муносиботи Амрико ва Исроил латма бизанд». 

Ҷозеп Берл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо низ гуфтааст, ки барномаи Исроил барои илҳоқи бахшҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ ба хоки ин кишвар метавонад «нақзи ҷиддии қавонини байналмилалӣ» маҳсуб шавад ва «паёмадҳои сахте» дар равобит миёни Исроил ва кишварҳои аврупоӣ дошта бошад. 

Берл рӯзи панҷшанбе дар парлумони Аврупо дар ин бора гуфт, ки ҳар гуна илҳоқи қаламрави таҳти ишғоли Исроил дар Каронаи Бохтарӣ таъсирӣ манфӣ бар суботи минтақа мегузорд ва ба дӯрнамои сулҳ ва роҳҳали ду кишвар барои ҳали ихтилоф латма мезанад. 

Борис Ҷонсон, нахуствазир Бритониё низ рӯз сешанбе дар Маҷлиси авом тарҳи Нитонёҳуро «нақзи қавонини байналмилалӣ хонд ва гуфт, ки ба роҳҳали ду кишвар эътиқод дорад. 

Мавзӯъи тарҳи илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба хоки Исроил мавзӯъи мавриди баҳси вазири умури хориҷаи Олмон бо мақомҳои исроилӣ дар дидори ӯ аз ин кишвар низ буд. 

Ҳоику Мос, ки ба рағми буҳрони коруно ба Исроил сафар карда буд, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ба сароҳат «нигарониҳои содиқона ва ҷиддӣ»-и худро дар бораи барномаҳои илҳоқ ба гӯши сиёсатмадорони исроилӣ расонд. Ў изҳор дошт, ки «Олмон ва Иттиҳодияи Аврупо бар ин эътиқод ҳастанд, ки илҳоқи заминҳои фаластинӣ бо ҳуқуқӣ байналмилалӣ мутобиқат надорад». 

Давлати Олмон ҳамвора ва ба сароҳат аз сиёсатҳои шаҳраксозии Исроил дар сарзаминҳои Фаластин интиқод кардааст ва илҳоқи бахше аз сарзаминҳои ишғолшудаи онҳо дар Каронаи Бохтарӣ ба хоки Исроилро нақзи сареҳи қавонин байналмилалӣ арзёби кардааст. 

 Мавозеъи арабҳо 

Аз миёни кишварҳои арабӣ Урдун дар рӯзҳои гузашта нисбат ба «тасбияти ишғоли» сарзаминҳои Фаластин ҳушдор дода ва гуфта онро гоме дар ҷиҳати «тазъифи ҷиддии суботи минтақа» хондааст. Миср низ бо ин тарҳ мухолифат кардааст. 

Юсуф ал-Ъутба, сафири Амороти муттаҳидаи арабӣ дар Вашингтон низ ҳафтаи гузашта дар иқдоме бесобиқа бо интишори мақолае ба забони ибрӣ дар яке аз нашриёти Исроил ҳушдор дод ки илҳоқи сарзаминҳои Фаластин ба хоки Исроил раванди мусбати эҳёи муносиботи Исроил бо Аморот ва кишварҳои арабиро ба хатар меандозад. 

Исроил дар ҷанги шашрӯзаи соли 1967 Каронаи ғарбии рӯди Урдун ва шарқи Байтулмуқаддасро тасарруф кард ва аз он замон то кунун барои сукунати шаҳрвандони худ дар заминҳои ишғолшуда шаҳрак месозад. Фаластиниён хостори бозпасгирии сарзминҳои худ ҳастанд ва шарқи Байтулмуқаддасро пойтахти кишвари ояндаи худ медонанд. Исроил бар хилофи Итиҳодия Аврупо шаҳраксозиро ноқизи ҳеҷ қонуне намедонад. 

Дар шаҳракҳои исроилӣ дар Каронаи Бохтарӣ дар ҳоли ҳозир ҳудуди 500 ҳазор муҳоҷири Исроили зиндагӣ мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *