Categories Хабарҳо

Байден боз Афғонистонро «гум кард»

Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден боз роҳгум зад. Ин дафъа ӯ Афғонистонро аввал Украина ва баъдан Ироқ номид.

 Ӯ дар мусоҳиба бо телеканали NBC гуфт:  “Мо заррае имкон надоштем, ки Украинаро муттаҳид созем. Яъне, Ироқ, бахшиш. Афғонистон! Ба он ноил шудан ғайриимкон буд.”

Байден, ки моҳи ноябри соли гузашта 79-сола шуд, мунтазам дар рафти суханрониаш калимаҳоро омехта карда мемонад.  Вай номи раҳбари Русия Владимир Путинро нодуруст талаффуз карда, вожаҳои «ваксинатсия» ва «шиддатёби»-ро ба иштибоҳ андохта, ҳамчунин Сурияро бо Либия ва Ироқро бо Эрон омехта карда ва борҳо ноиби раисиҷумҳур Камола Ҳаррисро сарвари давлат хондааст.

Маъмурияти Байден барои хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ ва аҳолии ғайринизомӣ аз Афғонистон, барои бесарусомонӣ, талафот ва масхарабозиҳои ҳукумат, ба таври густарда мавриди интиқод қарор мегирад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *