Укроин хисороти моддӣ аз ҷанги Русияро 150 миллиард доллар баровард мекунад. Вазир адлияи Укроин механизмеро пешниҳод кардааст, то Русия бар асос он хисоратҳои ҷангро бипардозад. Укроин ба ҳимояти кишварҳои Гурӯҳи 7 умедвор аст.
Денис Малюско, вазир адлияи Укроин бо таваҷҷуҳ ба нишасти вазирони адлияи Гурӯҳи 7 дар Берлин бар дархости кишвараш аз Русия барои пардохти товони ҷангӣ таъкид Малюско ба гурӯҳи расонаии «Функа медиа»и Олмон гуфт: “Русия бояд ба мардуми Укроин хисоратеро, ки дар ин ҷанг ворид кардааст, бипардозад. Ҳамон тавр, ки дар ҷангҳои гузашта дар манотиқи дигар низ шоҳиди он будем.”
Вазири адлияи Укроин афзуд хисорати 150-миллиарддолларии дарназаргирифташуда «шомил хисороти иқтисодӣ, ҳазинаҳои маҷрӯҳон ва қурбониёни ҷанг ва хонаводаҳои онҳо» намешавад.
Вазири адлияи Укроин хостори эҷоди механизме барои ҷуброн хисорати ҷанги Укроин шуд. Тибқи ин механизм, пулҳое, ки дар ҳисобҳои Русия дар банкҳои аврупоӣ ба унвони бахше аз таҳримҳо масдуд шудаанд, бояд ба Укроин мунтақил шаванд.
Малюско далел овардааст, ки ин амр ба нухбагони Русия дар ин ҷанг фишор меоварад ва ба Укроин кумак мекунад то ин кишвар битавонад вайрониҳоро пас аз поёни таҳоҷуми Русия бозсозӣ кунад.
Ӯ гуфт: ”дар иҷлоси кишварҳои Гурӯҳи 7 мо аз ин кишварҳо мехоҳем, ки ба ин «механизми пардохти товон» бипайванданд ва роҳҳои молӣ ва қонунӣ барои фаъол кардани ин сандуқи байналмилалӣ бо пули Русия пайдо кунанд”.
Вазирони адлияи кишварҳои Гурӯҳи 7 дар нишасти худ ба баррасии ҷиноёти ҷангӣ дар Укроин хоҳанд пардохт. Давлати Укроин аз ташкили додгоҳи вижа барои муҳокимаи ҷинояткорони рус дар Укроин ҳимоят мекунад.
Марко Бушмон, вазири адлияи Олмон ҳайате аз Укроинро ба ин раъйзанӣ даъват кард. Олмон, Фаронса, Италиё, Ҷопон, Канада, Иёлот муттаҳидаи Амрико ва Биритониё узв кишварҳои Гурӯҳи 7 ҳастанд.
Бароварди дақиқе аз хисороти ворида ба Укроин аз тарафи ниҳодҳои байналмиллалӣ то кунун ироа нашудааст.
Маҷмаъи умумии Созмони милал ҳам рӯзи 14 ноябр бо 94 раъйи мусбат қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки дар он аз Укроин хоста шуда то дар ҳамкори бо дигар кишварҳо, хисороти ҷангро сабт ва мустанадоту шавоҳидро ҷамъоварӣ кунад.
Ин фактура ё листи хисорат қарор аст дар оянда мабнои пардохти товон аз сӯи Русия ба Укроин бошад.