Рубрики Хабарҳо

«Тирандози Кишинёв»даргузашт

Вазорати корҳои дохилии Молдова хабар дод Рустам Ашӯров, ки баъд аз куштани ду нафар дар фурудгоҳи Кишинёв маҷрӯҳ ва боздошт шуда буд, дар бемористон даргузашт. Ба иттилои манбаъ, Ашӯров нимашаби 3 ба 4 июл дар як бемористонҳои шаҳри Кишинёв вафот кард. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, шаҳрванди Тоҷикистон баъди захмдор шудан дар фурудгоҳ ба ҳуш наомада буд. Ӯ баъди куштани ду маъмури ниҳодҳои қудратии Молдова, даҳ тир хӯрда буд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сафари як ҳайат ба Молдова барои таҳқиқи ин ҳодиса хабар дода буд.

Виорел Чернэусяну, сардори пулиси Молдова дар нишасти хабарие гуфт, Рустам Ашӯров дар фурудгоҳ аз гуфтушунид бо пулис саркашӣ кард ва сахт маҷрӯҳ шуд.

Сардори пулиси Молдова ҳамчунин гуфт, “гуруҳи боздошт мудохила кард. Ҳодиса ду дақиқаву 30 сония идома ёфт. Ҳангоми муқовимат, ҳамлавар ба самти ҳамкорони мо тир андохт, чун мехостанд, ӯро дастгир кунанд. Як нафар ҷароҳат бардошт ва он ҳам худи ҳамлавар, ки ду ҳамкори моро кушт.”

Мақомоти Молдова имрӯз 3 июл зимни як нишасти хабарӣ гуфтанд, Ашӯров дар гузашта маъмури пулиси Тоҷикистон буд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба ин хабар вокуниш накардаанд.

Виорел Чернэусяну, сардори пулиси Молдова дар нишасти хабарие гуфт, Рустам Ашӯров ҳафт сол дар ниҳодҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор карда, барои содир кардани ҷиноят аз мақомаш ронда шудааст. «Ӯ соли 2013 дар Тоҷикистон ҷиноят содир карда, зиндонӣ шуд, вале пеш аз муҳлат ба озодӣ баромад,»-афзуд ӯ.

Намояндагони додситонӣ ва Вазорати умури дохилии Молдова ҳамчунин гуфтанд, ки Рустам Ашӯрови 43-сола, рӯзи 30-юми июн дар Фурудгоҳи Кишинёв ду намояндаи ниҳодҳои қудратии Молдоваро кушт, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ набудааст.

“Ҳангоми вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Молдова, шаҳрванди Тоҷикистон аз тариқи Интерпол ва ё Европол, ё идораҳои дигар ҷустуҷу намешуд. Фақат баъди ҳодиса дар фурудгоҳи байналмилалӣ, мо бо ҳамкоронамон аз Додситонии кулл ба Тоҷикистон занг задем ва ба мо гуфтанд, ки ин фард барои ҷиноят дар Тоҷикистон ҷустуҷу мешавад.”- гуфт, Виорел Чернэусяну, сардори пулиси Молдова.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Рустам Ашӯров, яке аз аъзоёни гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси «Ориёнбонк»даст дорад.

Бино бар фарзияи мақомоти Тоҷикистон Ашӯров бо ҳадафи фирор ба Аврупо, ба Молдова сафар кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *