Рубрики Хабарҳо

Фейерверки 3 миллиондоллара ва мактаби бе фарш. Воқеъиятҳои Тоҷикистон (3 навор ва аксҳо)

Дар ҳоле, ки хонандагони ду деҳаи ноҳияи Балҷувон дар мактабу мехонанд, ки сатҳи бинояш бештар барои оғил мувофиқтар аст, ҳукумат барои ҷашнҳо миллионҳо доллар масраф мекунад.

Тибқи иттилои манбаи Паём, барои ҳукумати шаҳри Душанбе ороиши варзишгоҳ дар баргузории ҷашни Наврӯз 300 ҳазор доллар тамом шудааст.

Муттаасифона масориф бо ин тамом намешавад. Манба мегӯяд барои фейерверке, ки дар ҷашни Наврӯзи пойтахт парронда шуд, ҳукумати шаҳр 3 миллион доллар масраф кардааст. Аксҳо ва навори фейерверки ҷашниро инҷо тамошо кунед:

Бо ба курсии раёсати шаҳри Душанбе нишастани Рустами Эмомалӣ, масориф аз буҷаи шаҳр барои ҷашну маросимҳо дар ҳоли афзоиши чандкарата аст. Фарорасии соли нави мелодӣ ҳам имсол бо фармони раиси шаҳр бо тантанаи бузурге ҷашн гирифта шуд, ки собиқа надошт.

Барои мисол навори ҷашни Наврӯз дар соли гузаштаро бубинед ва ба ҷашни имсола муқоиса намоед:

Масорифи ҳангуфти ҳукумати шаҳру ҷумҳурӣ, ки раёсаташон ба дасти писару падар Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки даҳҳо ҳазор хонавода бинобар набудани ҷои кор ва шароити сангини зиндагӣ ба Русия кӯч бастаанд. Танҳо дар соли ҷорӣ наздик ба 20 ҳазор хонавода барои кӯчидан ба Русия ба сафорати ин кишвар муроҷиъат кардаанд. Ҳазорон нафар муштариёни бонкҳои муфлисшуда наметавонад маблағҳояшонро бозпас гиранд, дар ҳоле, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ваъда карда буд он маблағҳо “то охирин дирам пардохт карда мешаванд”.  

Худи ҳукумати кишвар ҳамеша дасти гадоӣ дар пеш аз тамоми кишварҳои пешрафта ва созмонҳои грантдеҳу хайрия кӯмак мехоҳад. Кӯмакталабӣ аз донорҳо ба яке аз машғулиятҳои асосии раисҷумҳури Тоҷикистон ва вузарову руасои вазорату кумитаҳо табдил шудааст.

Масрафи ҷашни Наврӯз дар Панҷакент ҳанӯз маълум нест, вале коршиносон тахмин мезананд, ин  ҷашн ҳам барои хазинаи давлат ҳади ақал 2 миллион доллар тамом шудааст. Танҳо зараре, ки мардуми ноҳия аз бастани роҳҳову бозору мағозаҳо дидааст, даҳҳо ҳазор долларро ташкил медиҳад. Аксҳои нашршуда аз он маърака ҳам нишон медиҳанд, ки масрафи ороиши варзишгоҳи Панҷакент  аз Душанбе камтар нест.

Замоне, ки аз нашри навори ҷашни Наврӯз дар Душанбе бо масрафи ҳади ақал 4 миллион доллар ҳафтае нагузаштааст, навори дигаре аз тарафи рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик Гули Зард нашр шуд, ки тарафи дигари воқеъияти Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Ин навор аз мактабе дар ноҳияи Балҷувон аст, ки хонандагони ду деҳа дар он таҳсил мекунанд. Мактаб тариқи ҳашар аз ҷониби худи мардуми деҳот бо лой сохта шудааст.  Дар навор дида мешавад, ки мактаб аслан фарш надорад ва сақфаш ҳам намунаи сақфи ҳади ақал 70 сол қабл аст.

Муаллифи навор мегӯяд, ки дар мактаб бӯи намӣ эҳсос мешавад. Утоқи муаллимон дар ин мактаб ба ошхонаи сарироҳии солҳои 90-и асри гузашта шабоҳат дорад. Навори сабтшуда аз мактабро инҷо бубинед:

Ба ҷои хулоса, посухи коршинос ба суоли Паём: танҳо бо маблағе, ки барои фейерверк дар Душанбе масраф шудааст, имкон дорад се мактаби замонавии бо ғунҷоиши 700-800 хонанда ё 10 мактаб бо ғунҷоише, ки мактаби рақами 17-и ноҳияи Балҷувон дорад, сохта шавад.  Ба се миллион доллар мешавад корхонае сохт, ки 100 нафарро ба кор таъмин намояд ва 100 оиларо аз кӯчидани маҷбурӣ ба Русия наҷот диҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *