Рубрики Хабарҳо

Чаро Урдуғон ба Нахиҷевон рафт ва чаро Эрон зид аст?

Нахиҷевон, як ҷумҳурии худмухтори маҳсур дар хушкии байни Арманистон, Туркия ва Эрон, ҷое аст, ки Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи душанбе барои дидор бо Илҳом Алиев ҳамтои озарбойҷонии худ ба он ҷо рафт, ҷое, ки бидуни иттисоли заминӣ бо Боку дар соли 1923 ба Озарбойҷон замима шуд. 

Пас аз он ки Озарбойҷон бо ҳамлаи низомӣ контроли минтақаи ҷудошудаи Карабоғи Кӯҳиро ба даст гирифт, муноқишаи дигаре бо Арманистон дар уфуқ дар ҳоли зуҳур аст: қаламрави Нахиҷевон. 

Дар замони иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, Нахиҷевон аз тариқи ҷода ва роҳи оҳан бо Озарбойҷон дар иртибот буд аммо ин иртиботот бо шурӯъи ҷанги Озарбойҷон ва Арманистон дар даҳаи 1990 бар сари Қарабоғи кӯҳистонӣ аз байн рафт гарчи хутути ҳавоӣ ҳамчунон фаъол аст. 

Озарбойҷон бо ин ҳол дар соли 2020 пас аз ҷанги шаш ҳафтаӣ бо Арманистон бар сари Қарабоғ хостори бозгардондани хутути ҳамлу нақл ба Нахиҷевон шуд. 

Илҳом Алиев, ва Раҷаб Таййиб Урдуғон дирӯз дар Нахиҷевон бо якдигар дидор карданд ва интизор меравад барои барқарори иртиботи заминӣ байни Нахиҷевон ва бақияи хоки Озарбойҷон талош кунанд. 

Пас аз ҳамлаи ҳафтаи гузаштаи артиши Озарбойҷон ба ҷудоиталабони армании Қарабоғи Кӯҳӣ, бархе коршиносон мегӯянд, ки замима кардани долони армании Зангезур дар тӯли марз бо Эрон ин пайвастагиро бо Нахиҷевон ва фаротар аз он бо Туркияи муттаҳиди Боку мумкин месозад. 

Арманистон бо мафҳуми “долон”-и тарвиҷшуда аз сӯи Озарбойҷон мухолиф аст ва мегӯяд, ки долони Зангезур, ки ба номи минтақаи маҳаллӣ номгузорӣ шудааст, бидуни посгоҳҳои бозрасии арманӣ, ҳокимияти ин кишварро тазъиф мекунад. 

Туркия ва Русия низ мумкин аст дар ин байн нақш бозӣ кунанд. Туркия тарафдор як долони заминӣ аст, ки иртиботи онҳоро бо бақияи ҷаҳони турк фароҳам кунад. Русия, ки аз соли 2020 нерӯҳои ҳофизи сулҳ дар Қарабоғи кӯҳистонӣ дорад дар асл гуфтааст, ки чунин долоне имконпазир аст. 

Масири долони пешниҳодии Озарбойҷон дар тӯли марзи Арманистон ва Нахиҷевон бо Эрон хоҳад буд, ки нигарониҳоеро дар Теҳрон эҷод кардааст. 

Чаро Эрон мухолиф аст? 

Бо ин ҳол Эрон яке аз мухолифони тавсеаи долони Зангезур аст. 

Бархе коршиносони эронӣ чаҳор далели аслии нигаронии Теҳрон дар тавсеаи долони Зангезурро эълом кардаанд: нахуст ин ки Теҳрон нақши худ дар иртибот байни хоки Озарбойҷон ва ҷумҳури худмухтори Нахиҷевонро аз даст медиҳад. Дувум, Эрон нақши худ байни Туркия ва Осиёи марказиро дигар нахоҳад дошт. Севум, ин кишвар нуқтаи идғоми худ бо узви Иттиҳодияи иқтисодии Евразия (EEU) яъне Арманистонро аз даст хоҳад дод. Чаҳорум, бо афзоиши арзиши стратегии долони миёнӣ, долони Зангезур нақши меҳвари Эронро дар ҳамлу нақли байни шарқу ғарб беш аз пеш коҳиш хоҳад дод. 

Вазири хориҷаи Арманистон ҳафтаи гузашта дар маҷмаъи умумии Созмони милал гуфт: “таҳмили иҷбории як долони фаросарзаминӣ ба Арманистон, долони, ки аз хоки Арманистон мегузарад аммо хориҷ аз контроли мо хоҳад буд, барои мо ғайри қобили қабул аст ва бояд барои ҷомеаи байналмилалӣ низ ғайри қобили қабул бошад.” 

Маълумоти бештар дар бораи Нахиҷевон  

Бар хилофи Қарабоғи Кӯҳӣ, Нахиҷевон имрӯз дар миёни ҷамъияти ҳудуди 400 ҳазор нафарии худ тибқи саршумории соли 2009, ҳеҷ арманиро дар худ ҷой надодааст, дар ҳоле, ки замоне ними аз ҷамъияти онро арманиҳо шакл медоданд аммо акнун озариҳо дар он ҷо дар аксарият ҳастанд. 

Нахиҷевон дар садаи ҳафтуми пеш аз мелод бахше аз императори Ахоманиён буд ва дар он даврон фармонравоёни арманӣ ҳокими Нахиҷевон буданд, ки ин мавзӯъ бо мувофиқати Куруши Кабир сурат гирифт. Дар садаи севуми мелодӣ низ Нахиҷевон тобеъи давлати Соcонӣ буд. Дар ин минтақа оташкадаҳои зиёде буд ва дар айни ҳол калисоҳо низ дар он сар барафроштанд. Ин осор нишон медод, ки зартуштиён ва масеҳиён дар канори якдигар зиндагӣ мекарданд. Ин ҷумҳурии худмухтор бар асоси аҳдномаи Туркаманчой дар соли 1818 мелодӣ аз Эрон ҷудо шуд. 

Дар соли 1841-и мелодӣ Нахиҷевон тобеъи ҳукумати Гурҷистон ва дар соли 1846 мелодӣ тобеъи ҳукумати Еревани Арманистон шуд. 

Замоне, ки дар соли 1921 Арманистони шарқӣ бо иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ идғом шуд, Столин тасмим гирифт, ки минтақаи нимабиёбонӣ ва кӯҳистонии Нахиҷевонро бо унвони минтақаи худмухтор ба Озарбойҷон муттасил кунад. Қарордод бо Туркия дар феврали 1924 ниҳоӣ шуд ва ин минтақа ба як ҷумҳурии худмухтори сотсиалистии Шӯравӣ табдил шуд. 

Арманиҳо дар авохири даҳаи 1980 дар ҷараёни хушунатҳо дар Қарабоғи кӯҳистонӣ аз Нахиҷевон гурехтанд ва осори ҳузури онҳо ба тавре созмонёфта пок шуд. Калисоҳои онҳо вайрон шуд ва мақбараҳои муҷассамасозишудаи онҳо дар қабристони асримиёнагии Ҷилфо тахриб шуд. 

Зиндагии муштараки озарӣ ва арманӣ сахт буд, зеро ин ду ҷамъият бар асоси мазҳаб аз ҳам ҷудо шудаанд. Як су арманиҳои масеҳӣ ва дигар су озариҳои мусулмони туркзабон буданд. 

Нахиҷевон дар 20 январи 1990 истиқлоли “комил”-и худро эълом кард ва аз нерӯҳои Шӯравӣ хост то минтақаро тарк кунанд. 

Буҳронҳои сиёсӣ ба думболи шикастҳои низомии Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ Ҳайдар Алиев ва наздиконашро дар соли 1993 дар Боку ба қудрат расонд. Ҷумҳурии худмухтори Нахиҷнвон тибқи қонуни асосии ин кишвар, тасвибшуда дар соли 1995, бахши ҷудоинопазир аз Озарбойҷон аст. 

Восиф Толибов, раиси Маҷлиси Олии ҷумҳурии худмухтори Нахиҷевон аз соли 1995 то 2022 бо издивоҷ бо хонаводаи Алиев як режими худкомаро дар Нахиҷевон эҷод кард ва ба саркӯби хушунатомези матбуот ва мухолифон иқдом кард. Ў ҳамчунин ба фасод муттаҳам шудааст. Созмони гузоришгарони бидуни марз дар соли 2011 ӯро дар феҳристи саркӯбгарони озодии матбуот дар саросари ҷаҳон ном бурд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *