Рубрики Хабарҳо

Чӣ кишварҳое аз Эрон нафт ворид мекарданд ва мекунанд?

Таъсири таҳрими нафти Амрико бар кишварҳои воридкунандаи нафт аз Эрон эҳсосшаванда хоҳад буд.

Таҳрими нафти Эрон аз сӯи ИМА, ки аз дирӯз иҷроӣ шуда, таъсири манфӣ бар кишварҳои воридкунандаи нафт аз он кишвар барҷой хоҳад гузошт.

Иёлоти муттаҳида аз тамом кишварҳои ҷаҳон ба ҷуз 8 кишвар хостааст то воридоти нафт ва гази Эронро мутаваққиф кунанд.

Амнияти энерҷӣ барои кишварҳое чун Чин, Ҳинд ва Туркия, ки аз Эрон нафт ворид мекунанд, бисёр муҳимм аст. Ин кишварҳо барои муофият аз таҳримҳо қабл аз шурӯъи он бо мақомоти Вашингтон дидорҳои зиёде баргузор карданд.

Бар асоси омори Созмони мудирияти иттилооти энерҷии Амрико, Чин бо 24 дарсад, Ҳинд бо 18 дарсад, Кореяи ҷанубӣ бо 14 дарсад, Туркия бо 9 дарсад, Итолиё бо 7 дарсад, Фаронса, Ҷопон ва Аморот ҳар кадом бо 5 дарсад ба тартиб, бештарин воридоти нафт аз Эрон дар соли 2017-ро доштаанд.

Эрон соли гузашта рӯзона ҳудуди 2 миллиону 130 ҳазор бушка ба қимати мутавассити 52 доллар ва дар маҷмӯъ 777 миллиону 450 ҳазор бушка нафт содир кардааст. 62 дарсад аз ин содирот ба Осиё ва 38 дарсад ба Аврупо будааст.

Ҳамчунин бар асоси омори идораи гумруки Чин, ин кишвар дар моҳи август рӯзона 786 ҳазор бушка нафт аз Эрон харидааст. Ин рақам барои моҳи сентябр ба 518 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш ёфтааст.

Ҳинд дар моҳи август рӯзона 523 ҳазор ва дар моҳи сентябри гузашта 528 ҳазор бушка нафт аз Эрон харидааст.

Воридоти нафти Иттиҳодияи Аврупо аз Эрон аз 460 ҳазор бушка дар моҳи август ба 300 ҳазор бушка дар моҳи сентябр коҳиш ёфтааст.

Мизони воридоти нафти Ҷопон аз Эрон дар моҳи августи имсол рӯзона 183 ҳазор бушка буд, ки ин миқдор дар моҳи сентябр ба 43 ҳазор бушка расид. Кореяи ҷанубӣ низ дар моҳи июл рӯзона 194 ҳазор бушка нафт аз Эрон харидорӣ кард.

Аз моҳи январ то июни имсол, Амороти муттаҳидаи арабӣ 128 ҳазор, Чили 120 ҳазор, Италия 154 ҳазор, Испания 119 ҳазор, Франса 94 ҳазор ва Юнон низ 66 ҳазор бушка дар рӯз аз Эрон гази мреъ харидаанд.

Мизони кулли воридоти фаровардаҳои нафтии Туркия дар соли гузашта 42 миллиону 653 ҳазор тон буд, ки 25 миллиону 767 ҳазор тон аз ин миқдор ба воридоти нафти хом марбут мешуд. Саҳми Эрон аз воридот нафти Туркия дар ҳамин муддат 11 миллиону 492 ҳазор тон будааст.

Бар асоси додаҳои Созмони назорат бар бозори энерҷии Туркия, мизони воридоти нафти хом аз Эрон дар моҳи июн бо коҳиши 69 дарсадӣ ба 287 ҳазору 843 тон расид.

Туркия дар моҳи июл низ 867 ҳазору 269 тон аз Эрон нафти хом ворид кард, ки ин мизон нисбат ба июн афзоиши 201 дарсадӣ нишон медод. Бад-ин тартиб, миёнгини воридоти моҳонаи нафти Туркия аз Эрон ба 957 ҳазор бушка дар моҳ, ки сол гузашта сабт шуда буд, наздик шуд.

 8 кишвар аз таҳримҳои нафти Америка муоф шуданд

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико тайи нишасти хабарӣ дар бораи таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эрон эълом кард, ки кишварҳои Чин, Ҳинд, Итолиё, Юнон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван ва Туркияро шомили таҳрими воридоти нафт аз Эрон накардааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки то кунун 20 кишвар воридоти нафт аз Эронро комилан мутаваққиф кардаанд ва содироти нафти ин кишвар рӯзона 1 миллион бушка коҳиш ёфтааст.

Дуввумин бастаи таҳрими Амрико алайҳи Эрон аз таърихи 5 ноябр оғоз шуд. Дар ҳамин росто Ширкати миллии нафт, Ширкати бозаргонии нафт ва Ширкати миллии нафткаши Эрон бо маҳдудиятҳои байналмилалӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Ҳамчунин фурӯши нафт ва фаровардаҳои нафтии Эрон низ шомили ин бастаи таҳримӣ хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *