Рубрики Хабарҳо

Интиқоли барқ ба хориҷ 40% камтар шудааст

Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя қариб 40 дар сад кам шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон беш аз 30 млн доллар даромадро аз даст дод.

Давоми моҳҳои январ-августи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии андаке беш аз 46,4 млн доллар неруи барқ интиқол ёфтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми интиқоли неруи барқ аз ҷумҳурӣ ба андозаи 39,3 дар сад кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-августи соли гузашта Тоҷикистон ба Афғонистону Ӯзбекистон ба маблағи 76 милиону 500 ҳазор доллар нерӯи барқ содирот карда буд.

Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 5,6 дар сад коҳиш ёфт: Еишондиҳандаи коҳиш аз 14,2 млрд килоВат/соат давоми моҳҳои январ августи соли 2019 то ба 13,5 млрд килоВат/соат дар ҳамин давраи соли равон мебошад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон Тоҷикистон содироти барқро ба хориҷи кишвар қатъ кард. Ин тасмимро ҳукумат ба коҳиши маҷрои об дар дарёи Вахш ва мутаносибан мушкилоти ба таври кофӣ захира нашудани об дар обанбори Норак нисбат дод.

Аввали моҳи сентябр ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи ба таври кофӣ захира шудани об дар обанбори неругоҳи Норак ва барқарор шудани интиқоли барқ ба Афғонистон хабар дод.

Зимнан зикр шуда буд, ки ширкати “Барқи тоҷик” масъалаи барқарор намудани содироти барқ ба Ӯзбекистонро низ баррасӣ дорад.

Соли 2019 ҳаҷми содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 1 млрд 458,2 млн килоВат/соат ба маблағи 60 миллиону 600 ҳазор доллар ва Ӯзбекистон — 1 млрд 425 миллиону 100 ҳазор килоВат/соат ба маблағи 28 миллиону 500 ҳазор долларро ташкил дод.

Соли гузашта арзиши барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 4, 3 сент барои 1 килоВат/соат ва Ӯзбекистон — 2 сент барои 1килоВат/соат муқаррар шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *