Ҳамагӣ пас аз ду ҳафтаи моли Ҳасан Асадуллозода шудани ширкати мобилии “Билайн”, ихтилофи дохилӣ боиси бе интернет мондани Билайн шуд. Ихтилоф байни Асадуллозода ва Бег Сабурӣ, аниқтараш келини ӯ Зарина — духтари раисҷумҳур бар сари бозори алоқаи мобилӣ аст.
Беш аз як шабонарӯз Хадамоти алоқа ширкати мобилии Билайнро бидуни интернет гузошт. Қаблан ҳатто тасаввури ин ки касе ҷуръат кунад ширкати мутаъаллиқ ба Ҳасан Асадуллозодаро таҳрим кунад мушкил буд, аммо ба назар мерасад замони суқути империяи Ҳасан фаро расидааст.
Манбаъи Паём мегӯяд Асадуллозода ба зардӯзи ҷигар мубтало аст ва имкони сиҳат шуданаш тақрибан вуҷуд надорад. Ин аст, ки Оила салоҳ дидааст империяи Ҳасан минбаъд на тавассути фарзандонаш, балки бо дасти Зарина Раҳмон — келини Бег Сабурӣ идора шавад.
Бег Сабурӣ, раҳбари хадамоти алоқа мехоҳад бозори алоқаи мобилиро пурра инҳисорӣ намояд, аммо Асадуллозода ҳам, ки аз қабл дар ин бозор ҳузур дошт, зоҳиран аз он рафтанӣ нест. Аз ин рӯ ӯ ширкати Билайнро, ки бо кӯшиши Бег Сабурӣ ба мушкили молӣ гирифтор шуд, харидорӣ кард.
Ин кори ӯ боз ҳам бо “кӯмак”-и Бег Сабурӣ ба “соҳибкор”-и навзуҳуркарда Зарина Раҳмон писанд наомад. Ба Асадуллозода нишон доданд, ки хӯҷаини бозор кист.
Пас аз расидан ба созиш, дирӯз соати 16 бо вақти Душанбе интернети Билайн дубора барқарор шуд.
Зарина Раҳмон ҳоло муовини Ҳасан дар Ориёнбонк аст. худкомагии Бег Сабурӣ ҳам аз ҳаво нест — ӯ ё ҳади ақал писарашро бо шарофатии келинаш қудрати камназир интизор аст.
Додарарӯси Раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода аввали моҳи апрел 100% саҳми ширкати мобилии Билайнро ба даст овард. Созишномаи фурӯши ширкати тобеъи VEON, ки қаблан «ВимпелКома» номида мешуд ва дар Тоҷикистон “Таком” аст, дар аввали моҳи апрел сурат гирифт.
Ҳасан Асадуллозода аз замони боз шуданаш дар Тоҷикистон, дар Билайн ҳузур дошт. Аммо ҳамагӣ 5% саҳми ширкат дар ихтиёраш буд ва ҳақи овоз надошт. Ба сиёсати дохилии ширкат ҳам дахолат намекард.
Ширкат расман ба Zet mobile фурӯхта шудааст. Zet mobile ширкати тобеъи ТАлКо мебошад, ки ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад. Асадуллозода Zet mobile-ро соли 2003, баъди муфлис шуданаш ба даст оварда буд.
Раҳбари кулли нави ширкат аз Хорватия оварда мешавад. Айни ҳол раҳбарии он ба дӯши хеши Ҳасан Асадуллозода — Маҳмуд Нодиров аст. Ширкат таҳти номи тиҷории Билайн ба фаъолияташ идома хоҳад дод.
Чанд соли охир ширкат вазъи бӯҳронӣ дошт ва маҷбур ба фурӯши саҳмияҳояш шуд. Хадамоти алоқа, ки ҳақи истисноии воридоти интернетро азхуд кардааст, ширктаи Билайнро се рӯз бидуни интернет гузошт.
Ду соли охир тамоми фоидаи ин ширкати мобилӣ барои пардохти даъвоҳои мақомоти андоз сарф мешуд. Дар соли 2016 мақомоти андози Тоҷикистон Билайнро маҳкум ба пардохти ду ҷарима ба ҳаҷми 45 миллион доллар карданд. Дар натиҷа бо назардошти молиёту ҳазинаҳои дигар, ширкат маҷбур ба пардохти 73 миллион доллар шуд. Дар ҳамин ҳол ширкат иддао мекард, ки даромади умумии “Таком” дар соли 2016 68 миллион доллар буд.
Гурӯҳи «ВимпелКом» соли 2008 ба бозори Тоҷикистон ворид шуда, то соли 2017 беш аз 300 миллион доллар ба иқтисоди Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст.