Мутахассисони ширкати ҷопонии CTII ба корҳои лоиҳакашии қитъаи 10-километраи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар оғоз мекунанд.
Тавре Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрии роҳбарияти вазорат бо намояндагони ширкати JICA масъалаҳои марбут ба оғози корҳои таҳқиқотӣ-лоиҳакашӣ баррасӣ шудааст.
Гуфта мешавад, аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ байни Вазорати нақлиёт ва ширкати лоиҳакашӣ-машваратии “CTII” қарордодҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Моҳи сентябри соли равон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари намояндагии JICA дар ҷумҳурӣ Хидеки Танаба созишномаи грантӣ ба имзо расониданд, ки мувофиқи он ҳукумати Ҷопон барои лоиҳакашии муфассали қитъаи роҳи мазкур беш аз 30 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.
Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм (роҳи автомобилгарди маъмулӣ) ба категорияи “1-Б” (роҳи автомобилгарди босуръат) гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Айни замон паҳноии роҳ то 12 метр мерасад.
Дар қади роҳ таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва низоми эҳтиётии ғизогирии барқ бар асоси батареяҳои офтобӣ насб мешавад.