Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон аз мардуми кишвар хост ба хотири пешгирӣ аз шуйӯъ густардатари вируси коруно, аз ширкат дар интихобот худдорӣ кунанд. “Аз ҳоло натиҷаи ин интихобот маълум аст. Шумо дар он ширкат мекунед ё на, Раҳмон ҳамон рақамеро, ки худаш мехоҳад эълон мекунад” — гуфт ӯ.
Кабирӣ ҳамчунин гуфт “ширкат дар ин интихобот ҳеҷ нафъе надорад. Аммо ду зарар дорад. Аввал ин ки ҷои он ки ба як кори муфид машғул шавед вақти худро аз даст медиҳед. Дувум ин ки ҳеҷ кафолате вуҷуд надорад, ки ба вирус гирифтор намешавед. Беҳтар аст дар фикри саломатии худ бошед ва дар интихобот ширкат накунед”.
Раҳбари мухолифин ба онҳое, ки маҷбуранд дар интихобот ширкат кунанд, чун зери фишор қарор доранд тавсия дод агар ба участкаҳои интихоботӣ рафтанд ҳатман аз моск ва лавозимоти беҳдоштии дигар истифода кунанд ва фосиларо риоя намоянд.
Муҳиддин Кабирӣ аз бепарвоии мардум нисбати мавҷи дувуми коруно, ки на танҳо Тоҷикистон, балки саросари ҷаҳонро дубора ларзондааст изҳори нигаронӣ кард ва гуфт ин бепарвоӣ ва риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ метавонад вирусро дар кишвар бори дигар ҳамагир намояд.
Ӯ таъқид кард, фишори ҳукумат болои онҳое, ки ахбори воқеъиро дар бораи вируси коруно нашр мекарданд боис шуд пӯшиши хабарҳо дар ин бора ба ҳошия равад ва мардум ҳам нисбати он бепарвотар гардад.
Раҳбари мухолифин аз расонаҳои озод ва расонаҳое, ки дар хориҷ қарор доранд гила кард, ки онҳо ҳам аз интишори хабарҳо дар бораи вазъи воқеъии пандемӣ дар кишвар худдорӣ мекунанд. Ва аз тамоми расонаҳо, рӯзноманигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват кард дар ин масъала бепарво набошанд, чун сухан аз саломатӣ ва ояндаи миллат меравад.
Суханронии пурраи Муҳиддин Кабириро метавонед инҷо тамомшо кунед: