Тайи 9- моҳи охир 77 нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон аз ҳукумати Лаҳистон дархости паноҳандагӣ кардаанд.
Якуб Дудзяк, сухангӯи Идораи умури муҳоҷирони Полша, ба хабаргузории CANEWS гуфтааст, мақомоти сиёсии Полша бо дархости 18 тоҷик барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ дар ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карда ва ба бақия посухи рад додаанд. Ин дар ҳоле аст, ки дар 9 моҳи соли 2018 беш аз 144 шаҳрванди Тоҷикистон аз давлати Полша дархости паноҳандагии сиёсӣ карда буданд.
Дар соли 2017 ин омор 85 нафар эълом шудааст, ки аксари ин афрод далели ин иқдомро таҳти таъқиб қарор доштани хеш дар Тоҷикистон ба хотири афкори сиёсӣ унвон кардаанд. Аммо дар соли 2016 беш аз 882 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша хоста буданд, ки ба онон мақоми паноҳандагии сиёсӣ эъто намояд.
Коршиносон мегӯянд, иллати афзоиши муҳоҷирати тоҷикҳо ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба мавзӯи мамнуъияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” дар соли 2015 дар Тоҷикистон рабт дорад, ки боздошт ва зиндонӣ кардани фаъолон ва аъзои ин ду созмон ташдид шуд.
Гуфта мешавад, тайи солҳои ахир байни 8 то 10 ҳазор тоҷик дархости паноҳандагии хеш дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро матраҳ кардаанд.
Дар , , , ва моро пайгирӣ кунед!