Тибқи қонунгузории Тоҷикистон кортежи арӯсӣ набояд бештар аз 4 мошин иборат бошад. Ба кортежи арӯсӣ банд кардани роҳ ва эҷод кардани мушкил барои ронандагон низ манъ аст.
Барои иҷро нагардидани муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими расму оинҳо ва тӯйу маросимҳо аз тарафи шахсони мансабдор ё хешовандони онҳо, маблағи ҷарима 25-35 ҳазор сомониро ташкил дода, худи мансабдор аз вазифааш сабукдӯш мегардад.
Дар таҷриба ҳам ин кор боре амалӣ шудааст: барои вайрон кардани ин қонун раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода аз кор ронда шуд.
Вале дар асл қонун барои ҳама яксон нест. Агар Кумитаи дин ва расму оинҳо, ВКД ва дигар мақомот, ки ба назорати иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими маросим ва расму оинҳо” муваззафанд, эроде доранд, ба диққати эшон аксҳоеро пешниҳод мекунем, ки ҳарфҳои моро тасдиқ мекунанд.