Мо оиди омори худкушӣ дар ҷаҳон ва сабабҳои асосии худкушӣ гуфта будем, имрӯз оиди оқибати худкушӣ ва баъзе роҳҳои пешгирии онро дида мебароем.
Ҳаёти дунё барои ҳар як шахси мусалмон меҳмонии зудгузар, макони имтиҳон ва албатта бузургтарин неъмати Аллоҳ мебошад.
Ба қадри ин неъмат расидан, ба имтиҳонҳои ин диёр сабр кардан ва ҳаққи мизбониро адо кардан, мутаассифона насиби на ҳамаи инсонҳо аст.
Ҳар нафаре, ки даст ба худкушӣ мезанад, на танҳо ҳаёти худро аз даст дода наздикони худро зери ғаму андӯҳ мегузорад, балки охирати худро, ҳаёти абадии худро месӯзонад. Ба хотири мушкилиҳои меҳмонии дунёи дурӯза, саодати хонаи худ, Биҳишти ҷовидонро барбод медиҳад.
Парвардигор дар сураи Нисо мегӯяд:
يا ايها الذين امنوالا تاكلو اموالكم بينكم بالبطل الا ان تكون تجارة عن تراض منكم و لا تقتلوا انفسكم ان الله كان بكم رحيما ومن يفعل ذلك عدوانا و ظلما فسوف نصليه نارا وكان ذلك على الله يسيرا
Эй касоне, ки имон овардаед, моли ҳамдигарро ноҳақ нахӯред, магар ин ки аз тариқаи тиҷорат ва ризогии ҳамдигар бошад. Ва худро ба ҳалокат нарасонед, бидонед, ки Аллоҳ меҳрубони шумоён аст.
Ҳар касе, ки аз рӯи душманиву зулм, бо поймол кардани ҳудудҳои Аллоҳ ба наҳи кардаҳои Илоҳӣ даст мезанад, мо ӯро равони оташи Дузах хоҳем кард ва ба рости ин кор барои Аллоҳ осон аст. (Нисо 29 ва 30)
Вақте ба ояти карима нигоҳ мекунем, Аллоҳ худкуширо зикр карда сипас, меҳрубонии худ нисбати бандагонаш ёдовар мешавад. Гӯё, Аллоҳ нидо мекунад, ба сабаби мушкиливу мусибатҳо даст ба худкушӣ назанед, бидонед, ки Парвардигоратон барои шумо меҳрубону раҳим аст, ба зудӣ аз ғамҳоятон раҳо хоҳад кард.
Аммо дар ояти карима ваъиди шадид, сӯхтан дар оташ зикр шудааст, ки шахсони худро нобуд сохтаро интизор аст.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадисе, ки Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд, мегӯянд:
Ҳар касе, ки худро аз кӯҳ (баландӣ) ба замин андохту нобуд кард, дар дӯзах низ худро аз кӯҳу баландӣ андохтан мегирад ва барои ҳамешагӣ ин гуна боқӣ мемонад. Ҳар касе, ки заҳр нӯшида, худро ҳалок мекунад, дар дӯзах низ дар дастонаш заҳр нӯшидан мегираду барои ҳамешагӣ боқӣ мемонад, ҳар касе, ки бо олоти оҳанин (корд ва амсоли ин) ба шикамаш зада, худро мекушад, дар дӯзах низ то абад корд дар даст ба шикамаш задан мегираду дар онҷо боқӣ мемонад.
Дар ҳадиси дигар омадааст:
Шахси худкушта бо он чизе, ки худро нобуд кард, дар охират азоб дода мешавад.
Шахси заҳрхӯрда ҳамеша заҳр хӯрдан мегирад, шахси аз баландӣ партофта, худро партофтан мегирад, шахси ғарқ шуда, худро ғарқ кардан мегирад, он ҳам бошад илова бар оташи дӯзах.
Шояд ба зеҳни баъзеҳо савол ояд, ки шахсе, ки худро ҳалок кард, махсусан ҷавонон, дар дунё аз зулму ситами дунё даст ба ин кор зад, магар аз адл аст, ки боз дар охират низ азоб бинад.
Шахси худро нобуд сохта баробари худкушӣ ба як чанд гуноҳ воқеъ мешавад, ки гуноҳи кабира ҳастанд: куфрони неъмати парвардигор, норизоӣ ба тақдири Илоҳӣ, бадтар аз ҳама ноумедӣ аз раҳмату кушоиши Холиқи меҳрубон.
Маҳз ноумеди сабаб мешавад, ки инсон худро бикушад, ноумедӣ бошад сифати муъминон нест:
Аллоҳ аз забони Яъқуби Паёмбар ҳикоят карда дар Қурон мегӯяд:
ولا تياسوا من روح الله انه لا ييأس من روح الله الا القوم الكفرون
Ва ҳаргиз аз раҳмати Аллоҳ ноумед набошед, ба рости аз раҳмати Аллоҳ танҳо кофирон ноумед мешаванд. (сураи Юсуф ояти 87)
Намози ҷаноза ба шахси худкушта
Дар забони мардуми авом ибора: Барои худкушта ҷаноза раво нестро хеле зиёд мешунавем. Ин сухан дар шариат ҳеҷ асос надорад. Ба иттифоқи уламои шариат шахси мӯъмин агарчӣ муртакиби гуноҳи кабира гашт, худкушӣ кард, худро сӯзонид, заҳр хӯрд ва ё дигар, пас аз фавтиданаш ҷаноза хонда мешавад ва ҳамчун шахси мусалмон гуронида мешавад ва тамоми маросими азои ӯ тибқи шариат баргузор мегардад.
Роҳҳои пешгирӣ аз худкушӣ
Дар дунё касе нест, ки аз мусибату мушкилӣ озод бошад. Ҳар як инсон бо худ мушкилиҳо дорад ва мусибат мебинад. Офариниши дунё чунин аст, бо дидани мусибат ба қадри неъмати осудагӣ мерасем. Иддае бо имони қавиву яқини мустаҳкам тамоми мусибатҳоро паси сар мекунанд ва воқеъан ҳақиқати дунёро дарк кардаанд, иддае бошад ғалтидаву хазида мусибатҳоро таҳаммул мекунанд, аз ӯҳдааш мебароянд, аммо бо ношукриву шикоят аз рӯзгор, аммо иддае ҳастанд, ки баробари мусибат тавони боз истоданро надорад, бо худкӯши гумон мекунанд бар мусибату тақдир ғолиб мебароянд, бехабар аз он, ки худкушӣ айни мағлубият баробари мусибат аст.
Инсон вақте гирифтори мусибат мешавад, аввалин шуда шайтон бо васвасаҳояш дар атрофт ӯ мечархад. Дарҳои ноумедиву пушаймонӣ, бадбахтии ҳамешагиро ба шахси мусибатзада боз мекунад ва роҳи ҳалро дар худкушӣ нишон медиҳад.
Шахси мусалмон дар ин ҳолатҳо барои ба фиреби шайтон дода нашудан, пеш аз ҳама бояд ба тақдир имони комил дошта бошад
Чӣ гунае, ки медонем, яке аз арконҳоии имон, боварӣ доштан ба тақдиру қисмати Аллоҳ мебошад. Шахси мусалмон бояд сад дар сад яқин дошта бошад, ки қисмати ӯ ҳанӯз пеш аз офарида шудани Олам навишта шуда буду аз ҷониби Парвардигор муайян гашта буд. Ҳар он чизе, ки дар тақдир аст, аз он ҷои гурез нест ва банда бояд сар фуруд оварад ва розӣ бошад. Яқин бидонад, ки ҳар мусибате, ки мерасад ҳикмате дорад ва Парвардигор ба бандагонаш ҳаргиз зулм намекунад. Танҳо дар ин сурат саодати ҳақиқӣ, оромишу қалбу ҳаёти бепарешонӣ насибаш хоҳад гашт.
Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:
قل لن يصيبنا الا ما كتب الله لنا هو مولانا و على الله فليتوكل المؤمنون
Бигӯй, ҳаргиз ба мо ба ҷуз он чизе, ки Аллоҳ муқаддар (тақдиру қисмат) кардааст, чизи дигаре нахоҳад расид, пас мӯъминон бояд дар ҳама кор ба Аллоҳ таваккал дошта бошанд.(сураи Тавба ояти 51)
Паёмбар дар ҳадиси Муслим мегӯянд:
Вақте ба ту мусибате мерасад, ҳаргиз, агар ман чунин мекардам, чунин намешуд, нагӯй, ба ҷои ин “қаддараллоҳу мо шоа ва фаъал”, Аллоҳ ҳар чие, ки хост тақдиру қисмат кард ва анҷом дод, бигуй. Ба ростӣ гуфтани “агар” дар мусибат дарҳои шайтонро боз мекунад.
Вақте инсон ба тақдири Аллоҳ боварӣ дорад ва ба он сар фуруд меоварад, мусибатҳои дунё барояш осон мегардад, ба ҷои даст ба худкушӣ задан бо умеди фардо мусибатҳоро паси сар мекунад.
Ношукрӣ дар баробари қисмати парвадигор инсонро бадбахт месозад, банда замоне хушбахтиро ноил мегардад, ки банда будани худро дарк кунад, дар баробари қисмати Аллоҳ заъифу нотавониашро ба тан гирад, вагарна онҳое, ки мехоҳанд ба тақдири худ зурӣ кунанд, ба ҷуз шикаст чизи дигареро намебинанд, бадтарини шикасти онҳо бошад худкӯшист, ки мутаассифора иддае қаҳрамонӣ мепиндоранд.
Муслимаи Аҳмадӣ