Categories Хабарҳо

Ташрифи «шоҳ»-и Рӯшон ба як деҳаи қаламраваш

«Шои мо хуш омаде, подшои мо хуш омаде». Бо ин суруд ва нону намак аз дасти дӯшизагону таъзиму шеърхонии онҳо «шоҳ»-и Рӯшон Додхудо Фаррух дар деҳаи Бардараи водии Бартанги ноҳия пешвоз гирифта шуд.  Аксу навори ин пешвози пурдабдаро с ВМКБ дар Фейсбук нашр кардааст. Ҳадаф аз «сафари корӣ»-и шоҳ ба деҳаи қаламраваш баҳрабардорӣ аз хати оби нӯшокии 2220 метрӣ гуфта мешавад. 

Сокинон дар ҳоле дар васфи «шоҳ» суруд хонадву рақсидаанд, ки гуфта мешавад об ба деҳа бо пули Раёсати Суис (Шветсария) оид ба рушд ва Пружаи Оғохон расидааст. Худи «шоҳи Рӯшон» аммо раисдани об ба ин деҳаи қаламравашро аз шарофати «шоҳи шоҳон», яъне «пешво» донистааст. Тибқи иттилоъи манбаъ «Додхудо Фаррух кайд кард, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муазами миллат буд, ки имрузхо теьдоди сармоягузорони дохиливу хоричи дар вилоят зиёд шуда истодаанд».

Манбаъ хабар додааст сокинон низ аз шоҳашон қафо намонда «миннатдории бепоёни худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баён кардаанд.

Дар навор ва аксҳое, ки аз «ташрифи шоҳи Рӯшон» ба Бардараи Бартанг нашр шудааст, дида мешавад, ки духтарони ҷавон бо либоси миллӣ ва нону намак  аз раиси ноҳия истиқбол мекунанд. Дар ин аксҳо ҳамчунин дида мешавад, ки бархе кӯдакон ҳам дар пеши раис ва ҳайати ҳамроҳонашон рост истодаанду дар ҳоли анҷом додани ҳаракатҳое ҳастанд.

Дар навор дида мешавад, ки бархе аз ҳофизони маҳаллӣ бо асбобҳои мусиқӣ, дар наздикии саргаҳи ҷойе, ки об омадааст шеъри дар Бадахшон маъруфи «Шои мо омаде, подшои мо омаде»-ро мехонанд ва раиси ноҳия дар баробари онҳо рост истодааст.

Гуфта мешавад маблағи масрафшуда дар ин тарҳ 500818,39 сомонӣ аз ҳисоби маблағгузор ва 130676,03 саҳми ҷомеа будааст.

Ҳамчунин бо ҳимояти Раёсати мазкур ва ҷонибдории Пружаи Оқохон чунин хати об бо дарозии умумии 14337 метр, бо маблаги 781,0066 сомони кумак ва 263,326 сомони саҳми чомеа дар дехаи Дашти Ҷамоати Бартанг низ ба баҳрабардорӣ супурда шудааст.

Ҳукумати Рӯшон дар саҳфааш навишта, ки  ва Раёсати Шветсария, Барномаи марбутаи Бунёди Оқохон дар вилоят барои чунин ғамхориҳо баён намуданд».

 

 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *