Корхонаи «Ozelektroapparat-Electrosheld» -и шаҳри Тошканди Ӯзбекистон тибқи як қарордоди иқтисодӣ аввалин трансформаторҳое, ки сохти худи ин корхона аст, ба Тоҷикистон фиристод.
Дар ин бора шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон-24” хабар додааст.
Владимир Роюк, сарвари ин корхона гуфт, ки тибқи як қатор шартномаҳо ба Тоҷикистон дастаи аввали борро ба маблағи 670 ҳазор доллар ирсол намудаанд.
«Трансформаторҳо тавассути роҳи оҳан фиристода шуд ва мулоқотҳо дар бораи мусоидат ба рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон байни ду кишвар то ба ҳол суръат гирифта истодааст. Аз хуб шудани муносибатҳо бениҳоят хурсандем. Муносибати иқтисодӣ ба фоидаи ҳар ду кишвар аст”, — гуфт Владимир Роюк.
Дар рафти барномаи телевизионӣ, қайд карда шуд, ки маҳсулоти «Ozelektroapparat-Electrosheld» пас аз муддатҳои тӯлонии муносибати сард байни ин ду кишвар дубора ба бозори Тоҷикистон роҳ ёфтанд.
«Дер боз кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба хотири мамониятҳои сиёсӣ наметавонист аз чунин таҷҳизоти каммасраф, арзон ва босифат харидорӣ кунад”- гуфта шуд дар рафти барномаи телевизионӣ
Бино ба иттилои Абдуҳалим Солеҳзода, сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, ҷониби Тоҷикистон бо камоли майл бо ин корхона шартнома бастааст ва тибқи ин шартнома, ба ҷуз трансформаторҳо боз таҷҳизотҳои дигари электроэнергетикӣ барои Тоҷикистон аз Ӯзбекистон харидорӣ хоҳад шуд.
«Дар асл, мо ба чунин таҷҳизотҳо ниёз дорем. Мо аввалин дастаи трансформаторҳоро, ки тавассути роҳи оҳан оварда шуд, аллакай гирифтем. Ин танҳо оғози кор аст. Таҷҳизотҳое, ки корхонаи «Ozelektroapparat-Electrosheld» истеҳсол мекунад, хеле хушсифат буда, нархаш низ арзон мебошад «, — иброз дошт Абдуҳалим Солеҳзода