Муштариёни ширкати мобилии Tcell аз бегоҳи дирӯз наметавонанд ба муштариёни ширкатҳои дигар занг зананд ва ба интернет ҳам дастрасӣ надоранд. Имкони зангзанӣ ба Маркази зангҳои ин ширкат низ вуҷуд надорад. Вале ин ҳамаи мушкил нест — тибқи маълумот дар худи дафтари ширкат аз алоқа маҳрум шудаанд.
Аз соати тахминан 16.30 дақиқаи дирӯз мушкили алоқа дар ин ширкат пайдо шуда ва то ҳанӯз бартараф нашудааст. Кӯшишҳои зиёди муштариён барои дарёфти маълумот бенатиҷа анҷом меёбад. Ширкат расман ҳеҷ маълумоте дар бораи сабаби мушкил ва кай бартараф шудани он надодааст.
Як муштарӣ, ки тавонистааст субҳи имрӯз ба Маркази зангҳои ин ин ширкат тамос гирад гуфт, ки ваъда додаанд соатҳои наздик мушкили бавуҷудомада рафъ хоҳад шуд.
Муштариёни дигари ширкат, ки натавонистаанд бо масъулини он тамос гиранд, эътирози худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён мекунанд.
Хабаргузории Азия Плюс бо исттинод ба манбаъаш навиштааст, ки мушкил аз тарафи ширкат набуда, онҳо наметавонанд коре анҷом диҳанд.
Баъди ба раёсати Хадамоти алоқа расидани Бег Сабурӣ — қудои Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои зиёди ӯ барои монополия кардани соҳа, мушкилот дар соҳаи алоқа дар Тоҷикистон, аз ҷумла дастрасӣ ба интренет торафт бештар мешавад. Ҳоло Бег Сабурӣ воридот ва фурӯши интернет дар Тоҷикистонро пурра инҳисорӣ кардааст.
Ҳамчунин раиси Хадамоти алоқа ширкати мобилие дар назди Тоҷиктелеком ташкил додааст, ки тибқи гуфтаи коршиносон мушкилоти пешомада назди Tcell метавонад сунъӣ бошад — бартараф кардани рақибон аз атарафи Бег Сабурӣ.