Рубрики Хабарҳо

Баҳси онлайнии Муҳиддин Кабирӣ бо Додоҷон Атовуллоев

Имрӯз дар Радиои Озодӣ баҳси онлайнии Муҳиддин Кабирӣ бо Додоҷон Атовуллоев доир шудааст. 

Дар ин бора  имрӯз, 7 октябр, Салим Аюбзод, мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ хабар дода гуфт, ки  сабти видеоии он рӯзи панҷшанбе, 8 октябр нашр мешавад. 

Салим Аюбзод бо нашри як акс дар саҳифаи фейсбукияш аз ҷараёни ин баҳси рӯбарӯ, ки онро «баҳси аср” номидааст, навишт, ки онро қайчӣ намезананд ва пурра нашр хоҳанд кард. Аюбзод гуфтааст, “Ташаккур мекунам аз ҳарду ширкаткунандаи он ва тими Озодӣ. Саломат бошанд. Вақти барномаро дарозтар кардем. Қайчӣ намезанем, агар тарафҳо ҳамин гуна бо эҳтироми шахси якдигар идома диҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *