Рубрики Хабарҳо

Заршӯиро ҳам монополия мекунанд?

Дар Ховалинг бо фишори соҳибони ширкатҳои заршӯӣ, садҳо нафар сокинон, ки ба заршӯӣ машғул буданд, кори худро тарк кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тули чанд соли охир бо иҷозаи ҳукумати Тоҷикистон сокинон дастӣ тило ҷустуҷӯ мекарданд.

Пас аз онки ширкатҳои бузург ҷои кори сокинони одиро танг карданд, аксари онҳо аз набудани ҷои кору даромад, ночор дар ҷустуҷӯи ҷои кор ба Русия раҳсипор шудаанд.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Ҳоло дар ин ҷо шаш ширкат бо техника ба ҷустуҷӯи тило машғуланд. Ин ширкатҳо сокинонро намегузоранд, ки бо таври дастӣ заршӯӣ кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *