Ҳайати фиристодаи Созмони ҳамкории исломӣ ба Кобул дар дидор бо Ҳабибуллоҳ Оғо ва Нидо Муҳаммад Надим, вазирони маориф ва таҳсилоти олии Толибон таъкид кард, ки омӯзиш дар ислом барои зану мард фарз аст. Ин ҳайат ҳадаф аз сафар ба Кобулро гуфтугӯ дар бора “эътидол дар ислом” хондааст.
Ин ҳайат рӯзи панҷшанбе 7 сентябр вориди Кобул шуд ва дар рӯзҳои гузашта бо Амирхон Муттақӣ вазири хориҷаи Толибон, Мавлави Абдулкабир муовини сиёсии сарвазири Толибон ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазир дохилаи Толибон ҳам дидор кардааст.
Ҳайати Созмони ҳамкории исломӣ дар тамоми ин дидорҳо бар идомаи таҳсил ва кори занон таъкид кардааст.
Созмони ҳамкории исломӣ рӯзи чаҳоршанбе (6 август) дар хабарномае навишт, ки дар дидори ҳайати ин созмон бо вазирони маориф ва таҳсилоти олии Толибон низ ба дастрасии тамоми духтарон ба омӯзиш таъкид шудааст.
Бар асоси ин хабарнома, ҳар ду тараф дар ин дидор таъкид кардаанд, ки бо иҷмоъи уламо, таҳсил барои зан ва мард дар ислом фарз аст.
Гуфта шуда, ки ҳайати Созмони ҳамкории исломӣ дар ин дидор ба гузорише аз Вазорати маориф ва таҳсилоти оли толибон дар мавриди бознигарии барномаҳои дарсӣ ва эҷоди фазои амн барои таҳсили духтарон гӯш додааст.
Ҷузъиёти ин гузориш Толибон эълом нашудааст.
Бо ин ҳол, Созмони ҳамкории исломӣ таъкид карда, ки омодаи ироаи тамоми ҳимоятҳои лозим дар бахши омӯзиш аст.
Пеш аз ин Созмони ҳамкории исломӣ, баста шудани макотиби духтарона болотар аз синфи шашумро маҳкум карда буд.
Толибон макотиби духтаронаро баста ва духтаронро аз рафтан ба донишгоҳҳо маҳрум кардааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин занонро аз кор манъ кардааст.
Бархе аз ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ гуфтаанд, ки Толибон бо вазъи маҳдудият бар занон, ононро аз ҳуқуқи аввалия ва инсониашон маҳрум ва “опортоиди ҷинсиятӣ”-ро дар Афғонистон барқарор кардааст.